Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Агар пурсанд, ки адаби нозилон дар сухан чанд аст, бигӯй, ҳашт: Аввал, он ки то аз вай сухан напурсанд, нагӯяд. Дуюм, дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад. Сеюм, ба чапу рост нангарад. Чаҳорум, ғаразомез ва киноят нагӯяд. Панҷум, дар рӯи шунаванда наҷаҳад ва сухани сахт нагӯяд. Шашум, то фикр накунад, сухан нагӯяд, то пушаймон нашавад. Ҳафтум, дар миёни сухани мардум сухан дарнаёрад ва сухани гӯяндаро мункатеъ (бурида) нагардонад. Ҳаштум, бисёр нагӯяд, ки бисёр гуфтан нишонаи андакақлӣ аст, чунончи Шайхи Ганҷанишин дар «Лайливу Маҷнун» фармояд:
Кам гӯю гузида гӯй чун дур,
То зидаки ту ҷаҳон шавад пур,
Лоф аз сухани чу дур тавон зад,
Он хишт бувад, ки пур тавон зад.
Об арчӣ басе зулол хезад,
Аз хӯрдани пур малол хезад...
Агар пурсанд, ки ба чӣ забон сухан мегӯйӣ, бигӯй, ба забони сидқ. Агар пурсанд, ки сухан ба кадом гӯш мешунавӣ, бигӯй, ба гӯши қабул.
Агар пурсанд, ки сухан аз ту аст ё ту аз суханӣ, бигӯй, ман аз суханам ва сухан аз ман аст, ки меваи дарахти инсонӣ сухан аст. Агар пурсанд, ки сухани ноқис кадом аст, бигӯй, он ки мувофиқи сухани Худову расул набошад.
Агар пурсанд, ки сухани нек кадом аст, бигӯй, ки аз он нафъ ба касе расад. Агар пурсанд, ки бад кадом аст, бигӯй, он ки аз он зараре ба касе оид шавад.
ФАСЛИ ҲАФТУМ
ДАР ОДОБИ ТАОМ ХӮРДАН ВА ОБ ОШОМИДАН
Бидон, ки одамиро аз таом хӯрдан чора нест... ва ҳайвонот низ ба хӯрдан зиндаанд. Пас, мебояд, ки миёни хӯрдани инсон ва хӯрдани ҳайвон фарқ бошад, чӣ ҳайвон зистан барои хӯрдан дорад ва инсон хӯрдан барои зистан. Фарқ миёни ин ду хӯрдан ба одоб аст. Яъне одамӣ одоб ва аркони таом хӯрдан нигоҳ медорад ва ҳайвонот аз он бехабаранд. Агар пурсанд, ки аркони таом хӯрдан чанд аст, бигӯй, сию ҳафт. Чаҳор фарз (зарур) аст ва чаҳор суннат (расму қоида) ва чаҳор мустаҳаб (писандида) ва даҳ адад ва чаҳор ҳурмат ва чаҳор ҳикмат ва ҳафт эҳтиёт.
Агар пурсанд, ки чаҳор фарз кадом аст, бигӯй, аввал луқмаи ҳалол пайдо кардан. Дуюм, диҳандаи рӯзии Худойро шинохтан. Сеюм, шукр ба ҷой овардан. Чаҳорум, таоми пок хӯрдан, яъне наҷас (нопок) ва олуда набошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор