Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Рӯҳе чунон, ки зи хуршеду моҳ натвон кард,
Хате чунон, ки зи мушки сиёҳ натвон кард.

Рӯзе надими худро гуфт: «Ин ҷавон зебосурате ва дилкаш ҳаёте дорад». Гуфт: «Оре, сабиҳ ва малиҳ (намакин) аст ва бисёр зариф». Султон гуфт: «Ту ӯро дӯст дорӣ?» Гуфт: «Не». Пурсид, ки чаро? Гуфт: «Касеро, ки подшоҳ дӯст дорад, ман чун бошам, ки ӯро дӯст дорам?!» Султонро адаби ӯ хуш омад ва сухани ӯро писандид ва дараҷаи ӯро баланд кард. Қитъа:

Ҳар киро мол аз адаб бошад,
Гар ба ҷое расад, аҷаб набвад.
Чун адаб ҳает аз ҳасаб чи камаст
Ҳасабе беҳтар аз адаб набвад.

Чун ин рисола ба сарҳади итноб расид, одоб иқтизои он мекунад, ки зиёда аз ин қадам бар бисоти инбисот ниҳода нашавад ва ба дуои давоми давлати ӯ афзун самти ихтитом бояд...

РИСОЛАИ «ҲОТАМИЯ»

Қоидаи ҳеҷ навъ аз фазоил, ки одамӣ ба иктисоби он сарафрозӣ намояд, зиёда аз фоидаи сахо нест, зеро ки зумраи обидони шабхез ва фирқаи зоҳидони бопарҳез, ки рӯзу шаб таҳаммули бори ибодат менамоянд ва сиёми рӯз бо қиёми шаб мефармоянд мақсуди эшон растагории он ҷаҳон ва расидан ба давлати ин ҷаҳонист. Ва он мурод ба воситаи караму сахо ба ҳусул мепайвандад.

Дар карам афзоӣ, ки рӯзи шумор,
Марди ҷавонмард бувад растагор.

Бузургон ҷудро ба ниҳоле ташбеҳ кардаанд, ки меваи он некномии дунё ва хубфарҷомии уқбост.

Ниҳолест эҳсон, ки чун бар диҳад,
Ба ҷои самар дурру гавҳар диҳад.

Ҳар ки табиати ӯ ба ҷуду сахо моил бувад даст дар шоҳе аз шоҳҳои он дарахт зада бошад ва он шоҳ ӯро ба ҷазби иноят аз ҳазизи диноят (пастӣ, сифлагӣ) ба зирваи (мақоми баланд) қабулу иззат кашад ва ба хуррамтарин буқҷа (манзил) ва нузҳаттарин равза аз риёзи биҳишт фуруд орад ва дар маснавии ҳазрати Мавлавӣ аз ин маъни мазкур карда. Маснавӣ:

Ин сахо шоҳест аз шоҳи биҳишт,
Вайи ӯ, к-аз каф чунин шоҳе биҳишт.
Урватул-вусқаст ин ҷуду сахо,
Баркашад аз хок ҷонро бар само.
Меравад шоҳи сахо, эй хубкеш.
Мар туро болокашон бо асли хеш.

Вуҷуди бе ҷуд дар ҳукми адам аст ва марди ҷаввод (бахшанда) агарчӣ фонӣ шавад мазкури олам. Байт:

Боқӣ ба зикри хайр бувад номи одамӣ,
Номи накӯст ҳосили айёми одамӣ.

пешина
аз 242
навбатӣ