Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо чун нудамо ба давлати маҷоласати султон мушарраф шудаанд, эшонро дар ривояти қавоид адаб ва ҳурмат бояд кӯшид ва шарти эшон он аст, ки ончи наздики подшоҳ мақбулу макрӯҳ бошад, бидонанд ва исори он кунанд, ки мақбули султон аст ва агар чӣ макрӯҳи нафси эшон бошад ва надими султон бояд бо худ мукаррар кунад, ки дар бандагии худо ва хидмати махлуқ ҳеҷ чиз судмандтар аз тарки ҳаззи нафси худ нест ва чун ин маъНӣ назди ӯ муҳаққақ гардад ва дар муҳовала ва муомала, ки миёни ӯ ва султон афтад ва хешро дар он баҳра бинад, тарки баҳраи худ гирад ва аз он таҷаннуб намуда, ҳаззи худи подшоҳро мусаллам дорад, то самараи хайр диҳад ва он фоида ҳам оид бад-ӯ шавад ва агар аввал ба истифои ҳаззи худ машғул гардад, кори ӯ холӣ аз халале намебошад ва чун ӯро инбисот ва густӯҳӣ мебошад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар ҳеҷ коре ҳарфе бо султон ҳавола накунад, агар чӣ ҳақ ба ҷониби вай бувад ва агар чизи қабеҳ аз вай дарёбад ҳеҷ ҷо ба ӯ нагӯяд ва агар ба нодир саҳве кунад ва бозгӯяд бад-он эътироф накунад, агар чӣ он хабар ба султон расида бошад, ки иқрор то инкор тафовути бисёр аст ва агар миёни ваю подшоҳ ҳоле афтад, ки қубҳи он оид ба яке аз ҳар ду бувад, ҷаҳд кунад дар он, ки он кубҳ мансуб бо худ гардонад, бароати соҳати султонро аз он зоҳир кунад ва чун султон бари соҳат шавад бояд, ки ҳилаҳо ангезад ва тадбирҳо андешад, ки он кубҳ аз ӯ низ бигардад ва бояд, ки дар хидмати мулук чашм ва даст ва дил ва забон ба фармони ӯ бошад, то саломат монад. Рубоӣ:

Пайваста ду гӯш сӯи шаҳ бояд дошт,
Фармони варо чашм ба раҳ бояд дошт.
Аз некӯӣ забон равон бояд кард,
В-аз бад дилу дидаро нигаҳ бояд дошт.

Асмаъӣ мегӯяд, ки рӯзе назди яке аз хулафо рафтам, ӯро дидам бар тахт нишаста ва духтари панҷсола, ки тахминан, наздики вай қарор гирифта буд, маро гуфт: «Донӣ ин духтар кист?» Гуфтам: «Маълум надорам». Гуфт: «Духтари писари ман аст. Раву бӯса бар фарқи ӯ неҳ». Ман ҳайрон мемондам ва гуфтам, агар хилофи амр кунам уқубат кунад ва агар ҷуръат намоям шояд ғайрат ӯро бар он дорад, ки маро биранҷонад. Пас, остин бар сари он духтар ниҳодам ва бардоштам ва сари остини худро бӯса додам. Халифаро он адаб хуш омад. Гуфт: «Агар ба хилофи ин мекардӣ, аз неъмати ҳаёт маҳрум мондӣ». Пас, маро даҳ ҳазор динор инъом кард. Ман шукронаи онро, ки аз он варта халосӣ ёфтам, ҳамаро садақа додам. Ва дар одоби нудамо овардаанд, ки яке аз мулук мулозиме дошт, бағоят соҳибҷамол. Фард:

пешина
аз 242
навбатӣ