Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Ба ҳама халқи ҷаҳон хулқи писандида намой,
Ки сӯи хулди барин роҳ бар он аст, эй дил!
Ҳамчунин, футувват ба аҳд вафо кардан аст... ва вафо кардан кори ҷавонмардон аст ва нақзи аҳду шикастани паймон нишонаи нуқсони виҷдон аст:
Дасти вафо дар камари аҳд кун,
То нашавӣ аҳдшикан, ҷаҳд кун.
Футувват он аст, ки ҳама касро аз худ беҳтар донӣ ва худро бар ҳеҷ кас тафзил (бартарӣ) наниҳӣ;
Ҳар киро заррае вуҷуд бувад,
Пеши ҳар зарра дар суҷуд бувад.
...Футувват тарки такаллуф кардан аст ва он чӣ дар хона бошад, барои меҳмон ҳозир овардан:
Он чӣ бошад пеши мо, ҳозир кунем,
Гар ҳама нони ҷавину сирка аст.
Шак нест, ки аз такаллуф бӯи аноният (худписандӣ) меояд ва мадори футувват бар шикасти нафс ва тарки худпарастӣ бошад:
Ҳар кӣ ӯ нест гашт, хасташ дон,
Ҳар кӣ худ дид, бутпарасташ дон.
Бехабар зин ҷаҳону маст, якест
Хештанбину бутпараст якест.
Футувватро се мартаба аст: аввал сахо, ки ҳар чӣ дорад аз ҳеҷ кас дареғ надорад. Дуюм, сафо, ки синаро аз кибру кина поку покиза созад ва мартабаи охир вафост, ки бо халқ нигаҳ дорад.
Салмони Форсӣ низ дар хусуси футувват фармудааст: «Футувват инсоф додан аст ва инсоф наситондан, яъне ҳар айбе ва нуқсе, ки бошад онро ба худ нисбат бояд кард ва ҳар чизе, ки дар вуҷуд ояд худро дар миён набояд дид». Ва ғайр аз ин дар боби футувват суханон гуфтаанд ва мо ба ин қадар ихтисор кардем.
БОБИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ МАНБАЪ ВА МАЗҲАРИ ФУТУВВАТ ВА МАЪНИИ ТАРИҚАТ ВА ТАСАВВУФУ ФАКРУ ОДОБ ВА АРКОНИ ОН.
Ин боб муштамил бар чаҳор фасл аст.
ФАСЛИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ МАЗҲАРИ ФУТУВВАТ ВА ОДОБИ ОН
Бидон, ки ҳар кӣ аз мазҳари сифати футувват бошад, ӯро фатӣ гӯянд ва фатӣ дар асл луғати ҷавониро гӯянд ва ин лафз мавзӯъ аз барои марди ҷавон аст. Пас, итлоқи (баҷо овардан) фатӣ бар ҷавон ҳақиқат бошад ва бар ғайри он маҷоз: Он маҷозро аз рӯи маънии итлоқ кунанд бар касе, ки ба камоли фазоили инсонӣ расида бошад ва ваҷҳи маҷозӣ он аст, ки солик, модом ки дар қайди ҳавои нафс ва орзуи табъ бошад ба масобаи кӯдаке бошад, норасида ва чун аз мартабаи нафс тараққӣ намуда ба мақоми дил расад, ба манзалаи ҷавон бошад, расида ва чунончӣ ҷавонро қувватҳои сурӣ ва камолоти баданӣ ҳосил аст, ҷавонмардро низ камолоти инсонӣ ва қувватҳои маънавӣ ҳосил бувад ва дар ин мартаба ӯро фатӣ гӯянд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор