Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
ФАСЛИ АВВАЛ
ДАР ШАРАФИ ИН ИЛМ
Бидон, ки илми футувват илми шариф аст ва шӯъбаест аз илми тасаввуф ва тавҳид. Ва акобири олам дар ин илм рисолаҳо сохтаанд ва дар сифату тавҷеҳан (тафсир) камоли ӯ нусхаҳо пардохта... дар китоби «Китоб ал-футувват» ин байтро ба шайх Фаридуддини Аттор иснод кардаанд:
Дидаи дил аз футувват равшан аст,
Равзани ҷон аз футувват гулшан аст.
Гар бувад илми футувват бар сарат,
Ҳар замон бахшад сафои дигарат.
Ва дигар рисолаи «Одоб-ул-футувват», «Футувватнома»-и Шайхи Кабир, «Ориф-ул-масориф», «Мирсод-ул-ибод», «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат», «Рисолаи сайр»-и Ҷомӣ, «Зод-ул-охира»-и Зариъаи Исфаҳонӣ, «Тазкират-ул-авлиё» зикри ин илми шариф — футувват ва таърифи касе ки мазҳари ин сифат бошад, мастур (пинҳон) аст.
ФАСЛИ ДУЮМ
ДАР МАВЗӮИ ИН ИЛМ
Бидон, ки ҳар илмеро мавзӯе ҳаст, ки дар он илм баҳс аз аворизи зотии он мавзӯъ мекунанд. Чунонки дар илми тиб бадани инсон мавзӯъ аст аз ҳайсияти сиҳату мариз. Чун ин муқаддима дониста шуд, бибояд донист, ки мавзӯи илми футувват нафси инсонӣ бошад, аз он ҷиҳат, ки мубоширу муртакиби афъоли ҷамила ва сифоти ҳамида гардад....
Ва шарҳи нафси инсонӣ ва баёни маротиби ахлоқ лоиқи ин мухтасар нест ва боз ҳар илмеро масоиле ҳаст, ки дар он илм баҳс аз он кунанд ва худ тамомати илм бар он мақсур бошад. Ва масоили ин илм он аст, ки дар ин рисола аксар бар тариқи саволу ҷавоб баён гардад.
ФАСЛИ СЕЮМ
ДАР БАЁНИ МАЪНИИ ФУТУВВАТ ВА ҲАСБИ ЛУҒАТ
ВА ИСТИЛОҲ
Бидон, ки футувват аз рӯи луғат ҷавонӣ бошад ва фатӣ марди ҷавонро гӯянд ва баъзе дар шарҳи ин луғат бар онанд, ки футувват ҷавонмардӣ бошад. Аз рӯи истилоҳ футувват дар урфи ом иборат аст аз иттисоф (машҳур будан) ба сифати ҳамида ва ахлоқи писандида, бар ваҷҳе, ки ба он аз абнои ҷинси хеш мумтоз гардад. Ва ба таърифи хос иборат аст аз зуҳури нури фитрати инсонӣ бар зулмати сифоти нафсонӣ...
Пас, футувват чист? Футувват он аст, ки ҳеҷ коре накунӣ дар ниҳонӣ, ки он ошкор нагардад ва бо ҳама кас ба хулқи некӯ зиндагонӣ кунӣ, ки дӯстии халқро ба хулқи некӯ ҳосил тавонӣ кард ва чунонки гуфтаанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор