Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Тавонӣ ба нармию корогоҳӣ,
Ки тағйири раъйи салотин диҳӣ.
Ва гар аз дуруштӣ барорӣ нафас,
Наоянд аз он раъйи худ боз пас.
Пас он беҳ, ки аввал мадоро кунӣ,
Ба фурсат раҳи чора пайдо кунӣ.

Ҳафтум. Ба мансабу мартаба ва тақарруби мулук ва камоли ихтиёр мағрур нашавад, ки мизоҷи салотин ҳукми обу оташ дорад ва эътимодро нашояд ва яқин донад, ки ҳар амалеро ғарибе дар ақиб аст ва ҳар давлатеро накбате мусталзим. Бузургеро гуфтанд, чаро сарое барои худ насозӣ? Гуфт: «Дар ин шаҳр ду сарой аст, яке саройи девон, вақте ки дар амал бошам. Дуввум, таги зиндон, он дам ки маъзул бошам». Фард:

Чӣ бошад нозишу коҳиш, ба уқбоеву адборе, Ки то бар ҳам занӣ дида на ин бинӣ на он бинӣ.

Ҳаштум. То тавонад эҳсон кунад, пеш аз он, ки фурсати он фавт шавад. Назм:

З-он пеш, ки дасти соқии даҳр,
Дар шарбати даҳр афканад заҳр.
Аз сар бинеҳ ин кулоҳу дастор,
Ҷаҳде бикуну диле ба даст ор.
Кин сар ҳама сол бо кулаҳ нест,
В-ин рӯй ҳамеша ҳамчу маҳ нест.

Нӯҳум. Дар раво кардани ҳоҷоти маҳрумон ва умеддорон саъйи балиғ намояд, ки кафорати мулозамати шоҳон қазои ҳоҷати мӯҳтоҷон аст. Аз ҳазрати Амирулмӯъминин Ҳасан манқул аст, ки фармуд: «Агар ҳоҷати мӯҳмине барорам дӯсттар дорам аз он, ки ҳафтод сол ба эътикоф (ҷилла) нишинам». Ва аз Дониёл пайғамбар алайҳиссалом ривоят кардаанд, ки гуфт: «Чандин сол даст дар рикоби подшоҳӣ мезадам, то савор шавам ва ғарази ман он буд, ки ҳоҷати мардум бароварда гардонам». Бисёре аз авлиёву ҳукамо назири ҳамин маъни доштаанд ва хидмати султон ихтиёр фармуда. Аз шайхи кабир манқул аст, ки дар як рӯз ҳафтод навбат пеши Азизуддавла рафта ҷиҳати кори мусулмонон сохта нашуд ва ба охири рӯз Азизуддавла гуфт: «Эй шайх, аҷаб марде будайӣ, ин ҳама омадӣ ва кори ту сохта нагашт, бо ин боз меоӣ мумтанеъ нашудӣ?» Шайх гуфт: «Эй малик, кори ман сохта шуд, ки нияти ман ризои Худо буд. Медонам, ки Худо аз ин омадушуди ман розӣ аст. Аммо кори ту сохта нашуд, ки дар муҳими мусулмонон эҳтимом накардӣ ва мӯҳтоҷонро ноумед сохтӣ ва надористӣ, ки то аҳли давлат кори касе насозанд, кори эшон сохта нагардад». Фард:

пешина
аз 242
навбатӣ