Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Чароғафрӯзи мулканд он вазирон,
Ки раҳм оранд бар ҳоли фақирон.
Вазир ар ҷоҳи худ дар зулм донад,
Аз ӯ кай номи султон зинда монад.

Ва аз шурути (шартҳои) куллии вазорат ва адаби он нӯздаҳ нукта оварда мешавад:

Аввал, риояти ҷониби ҳақ ва ин сурат бар ҳама чизҳо муқаддам аст, зеро ки чун касе ҷониби ҳақ нигоҳ дорад, ҳар оина мулоҳизаи аҳволи худ хоҳад намуд ва аз ношоисту нолоиқ иҷтиноб хоҳад фармуд.

Дуввум, мусовот нигоҳ дорад миёни шоҳу сипоҳ ва раият ва майл ба ҳеҷ ҷониб накунад, то зулм воқеъ нашавад ва ин мушкилтарин кор ва нозуктарин амалиёт дар вазорат. «Саввум, дар коре, ки шурӯъ мефармояд, дар оқибати он некӯ назар кунад ва аз ҳотимати он муҳим барандешад, то охир пушаймонӣ накашад ва пушти дасти ҳасрат ба дандони ҳайрат нагазад.
Маснавӣ:

Коре, ки гирифтаӣ ту дар пеш,
Аз оқибаташ накӯ барандеш.
Гар маслиҳат аст ончунон кун,
Вар нест, салоҳ тарки он кун.

Чаҳорум. Қоидаи некӯ ниҳад, ки дар ҳадис омада «Ҳар ки суннати ҳасана ба роҳи некӯ ниҳад, мар ӯрост музди он ва музди ҳар ки амал кунад ба он. Ва ҳар ки суннати бад ва бидъати нописандида биниҳад, бар ӯ бошад визри (гуноҳ) он ва гуноҳи ҳар ки амал кунад ба он». Рубоӣ:

Эй он, ки ба кори шоҳ будӣ машғул,
Хоҳӣ, ки ҳамеша бошадат иззи қабул.
Бар сафҳаи рӯзгор расме бигзор,
Кон пеши худову халқ бошад мақбул.

Панҷум, кифояти худ зоҳир гардонад дар умури мулкия, ки кифояти вузаро дар тамҳиди масолеҳи давлатҳо беш аз он аст, ки такрирпазир бошад.
Овардаанд, ки Азизуддавла аз Абӯ Алии Хузарӣ, ки вазири яке аз оли Бӯя буд, биранҷид. Наздики ӯ расуле фиристод, бо шамшери бараҳна. Гуфт: Инро пеши ӯ на расул ҳамчунон кард» ва ҳеҷ нагуфт. Вазир қалам пеши вай андохт ва гуфт: «Ҷавоби ту инаст» ва рӯй ба кори Азизуддавла овард ва номаҳо навишт ва аркони давлатро бар вай берун овард, то ӯро бигирифтанду банд карданд ва тамоми мамлакат ӯро бо мамолики шоҳӣ инзимом дод. Байт:

Ҳама кори шоҳони ҳикматпажӯҳ,
Зи раъйи вазирон пазирад шукӯҳ,

Шашум, агар султон раъе (фикре) андешад, ки маслиҳати моле ва мулке дар он набувад, бояд ки ба он розӣ нашавад, лекин дар маҷмӯъ онро писанд кунад ва бар сари ҷамъ накӯҳиши он нанамоянд ва донад, ки раъйи мулук монанди селе бошад, ки аз сари кӯҳ дарояд ва касе ки хоҳад, ки ба як дафъа онро аз тарафе ба тарафе гардонад, дар вартаи ҳалок афтад.
Аммо агар ба аввал мусоидат намояд ва ба мудоро ва эҳтиёт як ҷониби ӯро ба хоку хошок баланд гардонад, ба ҷониби дигар хоҳад тавонад бурд. Ҳам бар ин сиёк дар сарфи раъйи подшоҳ аз он чӣ мутазаммини фасоде бувад, тариқи талаттуф ва тадбир ба ҷой бояд овард, на бар ваҷҳи амру наҳӣ, балки аз рӯи тазаррӯъ, чи маслиҳате, ки бар хилофи раъйи ӯ бошад, бад-ӯ бояд намуд ва ӯро бар захомати (раъйи) оқибати он кор танбеҳ бояд дод ва ба тадриҷ дар авқоти хилват ба эроди амсолу ҳикоёт хотирнишони ӯ бояд сохт ва ба лутфу ҳилаҳо он раъйро аз хотир берун бояд бурд. Назм:

пешина
аз 242
навбатӣ