Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ёри ситамгор машав, эй азиз,
То ки аз он қавм набошӣ ту низ.

Панҷум он, ки подшоҳро бар хайр дорад ва чунон кунад, ки хайри ӯ ба ҳама кас бирасад, чӣ беҳтарин инъом он аст, ки ом бошад, чун шуъои офтоб бар ҳама ҷо метобад ва чун рашаҳоти (чакидагиҳои) саҳоб, ки ба ҳама заминҳо мерасад. Аз бузурге пурсиданд, ки хайр бар чӣ ваҷҳ бояд кард ва беҳтарин ваҷҳҳо кадом аст? Фармуд, ки хайр ба умум бояд кард ва беҳтарин он бувад, ки бар вай тоза бошад ва миннат бар вай ҳамроҳ набошад. Овардаанд, ки Мӯъин ибни Зоида карами ом дошт ва дар қудрат бахшиши бағоят хандон ва тозарӯй будӣ. Азизеро пурсиданд, ки абр сахитар аст ё Мӯъин бахшандатар? Ҷавоб дод, ки саховати Мӯъин аз абр беҳтар ва бештар аст. Гуфтанд: «Ба чӣ далел?» Гуфт: «Ба он далел, ки ҳар чӣ абр диҳад гирён диҳад ва ҳар чӣ Мӯъин диҳад хандон диҳад». Қитъа:

Тозарӯиву инбисоту нишот,
Дар саховат азим мӯътабар аст.
Марди бахшандаро ба вақти саҳо,
Тозарӯйӣ саховати дигар аст.

Шашум, то бар касе таваққуи тамоми надошта бошад ва борҳо сифоти ӯро наёзмуда бошад, ӯро пеши подшоҳ таъриф накунад ва ситоиш нанамояд, то ба вақти озмоиш шарманда нашавад. Овардаанд, ки Заррӯкӣ наздики Яҳё шуд аз ассоби султон Санҷар омад, гесӯҳо гузошта ва қадре ҷомаи Каъба оварда, гуфт: «Ман мардеям аз аҳли байти расолат ва имсол ба ҳаҷ рафта будам ва ҷиҳати султон ҳаҷ гузоридаам ва бар сари равзаи расолатпаноҳ барои шоҳ ва аркони давлати ӯ ба ҳузури қофилаи Ҳаҷҷоҷ дуо кардаам. Агар ба хизмати султон расонӣ ҳар ойина аз ту миннатдор шавам ва бад-ин башорат, ки овардаам маро низ навозиш фармояд. Он ноиб ин суратро таҳқиқ накарда, назди султон омад ва он ҳоҷии алавиро таърифи бисёр кард, чуноне ки султон муштоқ шуда ба ҳузаро фармон дод, чун он азизро ҳозир гардонид, султонро дастбӯсӣ карда бар ҳошияи бисот биншаст. Султон пурсид, ки аз куҷоӣ? Гуфт: «Аз шаҳри Исфаҳон». Фармуд, ки кай ҳаҷ кардӣ? Гуфт: «Имсол». Қазоро элчӣ аз назди ҳокими Исфаҳон дар маҷлис омада буд, чун номи Исфаҳон шунид ва он касро дид, гуфт: «Эй шоҳ, ман ин касро мешиносам, ӯ сайид нест, балки аз лӯлиёни он вилоят аст ва бештар аз эшон мӯйе бар сар доранд ва ману Раҳим имсол вайро дар Сифоҳон медидам дар рӯзи иди Азаҳӣ ба дари хонаи ман омада буд, ба талаби гӯшти қурбонӣ». Султон бағоят мутаассир шуда, рӯй ба он ноиб кард, ки нек сайиди номдор ва ҳоҷии бузургвор ба хизмати мо овардӣ! Он ноиби хиҷилзада ва инфиолёфта аз маҷлис берун рафт ва бақияи ал-умр ба хизмати султон наёрист омад. Агар дар аввал таҳқиқи ҳоли ӯ кардӣ ва дар он боб тафаҳҳуси тамоми ба ҷо овардӣ ғубори хиҷлат бар чеҳраи ҳоли ӯ нанишастӣ ва аз назари чунон подшоҳ маҳрум нагаштӣ.

пешина
аз 242
навбатӣ