Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Маҳол аст гар сар бар ин дар ниҳӣ,
Ки бозоядат дасти ҳоҷат тиҳӣ.
Аммо риояти ҷониби подшоҳро бисту панҷ шарт аст. Аввал, тазаллул (хоксорӣ) ва тазаррӯъ (хорӣ) ва изҳори аҷзу хизматгорӣ чи мулукро ҳимматҳои азим ва ҳолатҳои бузург аст, ки бад-он мунфарданд аз ғайри хеш ва он бад-он сабаб аст, ки мазҳари салтанати илоҳӣ воқеъ шудаанд ва аз ин ҷиҳат лақаби Зиллуллоҳ (сояи Худо) итлоқ мекунанд. Пас, ба он маънӣ [маънӣ], ки ин сурат дар эшон мухтафист, аз ҳама халқ истихдом ва тааббуд хоҳанд ва худро сазовори он шиносанд ва дар ҳар чи кунанд, тариқу истиқлол ва тафарруд (ягодагӣ) риоят намоянд ва ҳар чи зуҳури салтанат бештар бошад, зуҳури ин сифат зиёдат бувад. Бар ин тақдир истиғнои эшон толиби он аст, ки мардум муҳтоҷӣ ва масканати худро бар эшон арз кунанд. Байт:
Чӣ оварам ба ту чун ҷумла ҳар чи ҳаст ту дорӣ, Магар шафоату аҷзу ниёзмандиву зорӣ.
Дуввум, таҳаммули меҳнату машаққат ва риёзат кашидан ва бар макореҳ (ноҳисанд) сабр кардан, чи хизмати мулук мабнӣ (биноёфта) ба заҳмат бошад.
Дар кутуби ҳукамо навишта шудааст, ки мулозимати султон ҳоил аст байни мардум ва осоишталаби роҳату лаззат дар хизмати мулк аз қабили маҳолот бояд шумурд ва шинохт. Саввум, он ки ҳар чи андешаду кунад ва гӯяд, бояд ки дар он маслиҳати подшоҳро мулоҳаза намояд, ҳам аз ҷиҳати дунё ва ҳам аз ҷиҳати охират ва тарафи охиратро муқаддам дорад. Чаҳорум, ба тариқи нармӣ ва талаттуф зулмро дар назари ӯ накӯҳида созад ва адлро ба таърифу тавсиф дар дили ӯ ширин гардонад ва бар ваҷҳе ки маслиҳат донад, ӯро аз зулм боздорад, ки агар ба зулми подшоҳ розӣ шавад, ӯ низ дар он мазлама шарик бошад ва дар арсаи ҳашр (рӯзи қиёмат) ӯро низ бо золимае дар маҳрази хитобу итоб дароранд.
Дар ахбор мазкур аст, ки Яҳьё Воситӣ хаттоте бағоят зебонавис буд ва авлоди хулафо назди ӯ хат менавиштанд ва таълим мегирифтанд. Рӯзе назди вазире таъриф карданд, ки Яҳьё қаламро нек метарошад. Ӯро талабид ва фармуд, то қаламе барои вай битарошад. Яҳьё қаламе бо эҳтиёти тамоми тарошид. Вазир бад-он қалам фармоне навишт. Хатти ӯ беҳтар аз пештар намуд. Яҳьёро хилъат ва ҳазор динор инъом фармуд. Яҳьё хилъат пӯшида ва зар ба қабзаи тасарруф дароварда аз маҷлис берун омад. Чун ба дари боргоҳ расид, дарҳол бозгашт ва гуфт: Эй вазир, санъате бар ин қалам фаромӯш кардаам, агар иҷозат бошад, баҷо орам. Вазир қалам ба дасти вай дод, қаламтарош бикашид ва сари қалам бияфганд ва зару хилъат пеши вазир биниҳод. Вазир фармуд: Туро чӣ шуд? Гуфт: Чун ба даргоҳ расидам, ин оят ба гӯши дилам фурӯ хонданд: «Ҳашр кунед золимонро бо шарикону мададгорони эшон» — тарсидам, ки ту бад-ин қалам аз рӯи ситам чизе бар касе нависӣ ва ман қалам тарошидаам, дар он шарик бошам ва ба азоби илоҳӣ гирифтор гардам.
Байт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор