Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дар рисолаи «Ҳотамия» бошад ба такрор сари муҳимтарин аркони ойини ҷавонмардӣ-саховату шуҷоат таваққуф дорад, ки мегӯяд: «Ҷавонмардӣ дарахтест аз чамани ҷаннат раста ва саховат ниҳолест аз ҷӯйбори Кавсар нашъунамо ёфта... ҳар ки табиати ӯ ба ҷуду сахо моил бувад, даст дар шоҳе аз шоҳҳои он дарахт зада бошад ва он шоҳ ӯро ба ҷалби иноят аз хазинаи диноят (пастиву сифлагӣ) ба зирван (мақоми баланд) қабулу иззат кашад ва ба хуррамтарин буқъа (манзил) ва нузҳаттарин равза аз рӯзеи биҳишт фуруд орад».
Ҳусайни Воиз ҳамчун тарғибгари комили замони хеш гаштаву баргашта маҳаки андешарониҳову тарғибгариҳои худро дар болои муҳимтарин аркони ойини ҷавонмардӣ — саховат ва шуҷоат корбандӣ мекунад, ки ин мароми адиби забардаст бе сабаб нест.
Ҳусайни Воиз ин рисолаи ҷавонмардии хешро ба садову симои чеҳраи абадзиндаи таърихи адабиёти арабу аҷам ба Ҳотами Той, ки саховаташ мисли вазиши насими субҳгоҳон, мисли резиши борони баҳорон, мисли ситораҳои роҳи Каҳкашон, мисли обҳои шӯху нуқратоби чашмасорон, мисли амвоҷи кокулони гулдухтарон, мисли чаҳчаҳи булбулон, мисли хандаҳои нозукадои маъшуқагон ва мисли садои азизон аст, мебахшад. Агарчи дар қисмати «Саховат»-и «Ахлоқи Муҳсинӣ» муаллиф дар боби саховати Ҳотам ба «Бӯстон»-и Саъдӣ такя намуда ҳикояте оварда бошад ҳам, дар ин рисола ба баёни фишурда иктифо намекунад, балки чуноне ки худи Ҳусайни Воиз дар муқаддимаи рисолаи мазкур иқрор аст, ӯ ҳар он чӣ дар бораи Ҳотами Той... «дар китобе дида ё аз азизе шунида бошад, ба иборати форсӣ дар қайди китобат орад, то бар камоҳии аҳвол вуқуфе том ва иттилоаш тамом ҳосил ояд» мегӯяд.
Ҳусайни Воиз дар ин рисола ба гузаштагони қаҳрамони марказии асараш аҳамият медиҳад, гузашта аз он таърихи валодату вафоти Ҳотамро зикр карда, ба як бародар, ду писару як духтар доштани ӯ, ки ҳар кадоме нақше дар зиндагӣ доранд, мароқи хосае зоҳир менамояд. Дар ин рисола, махсусан, нақши модари Ҳотам хеле ҷолибу андарзбахш аст. Ин ҳолатро дар ҳикояе, ки баъд аз вафоти Ҳотам аҳли қабилаи Той хостанд бародари ӯро ба ҷойи Ҳотам бигуморанд, дида метавонем. Модар бо ҷиддият ва қатъият номзадии писари хурдиашро ба ҷонишинии Ҳотам рад мекунад. Нақши модаре, ки дар ин ҳикоя баён мегардад, нақши танҳо модари оддӣ нест, балки модарест, ки дар баробари модари мушфиқ будану дӯст доштани фарзанд дар рӯҳи пешакардаи ӯ ҳаммаром аст. Аз ин рӯ, ҳарчанд ки фарзанди дигарашро аҳли қабила ба ҷойи Ҳотам нишонда бошанд ҳам, ӯ рад мекунаду далел меоварад: «Андешае, ки дар боби бародари Ҳотам кардаед бигзоред, ки аз ӯ таваққуи ҳотамият натавон кард, зеро ки Ҳотам баъд аз валодат шир аз пистони ман нагирифт, то вақте ки кӯдаки бегонаро шир додам ва ин бародар як пистон дар даҳон дошту дигаре дар даст гирифта буд, то кӯдаки дигар набинад ва аз он шир нахӯрад. Аз чунин касе ҳотамӣ чун ояд?! Ин писарро ба сурат бо Ҳотам мушобиҳате тамом аст ва ба маънои бо ӯ мухолифате ло калом». Дар ин гуфтори модар ҷиҳати фардӣ ва фитрии саховати Ҳотам ошкоро мунъакис аст. Яъне то дар замири инсон зарраҳои тобони ойини ҷавонмардии фитрӣ нануҳуфта бошанд, ӯ дар ин ҷода мукаммалу мушаххас намегардад. Аз ин рӯ бародари ҳамхуну ҳамшири Ҳотам, ки мехост ҳотамвор саховат кунад, чун дар ҷавҳари улвияш ин хосияти барозандаи ахлоқи ҳамида мавҷуд нест, натавонист, ки аз санҷиши модари хеш берун ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор