Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Хусусияти муҳими ин асар дар тарзи баёни он воқеъ гардидааст. Ин асар намунаи барҷастаи насрест, ки миёни насри солҳои асри X ва насри такаллуфи асрҳои баъдина қарор дорад. Албатта, дар он калимаву ибора ва таъбирҳои арабӣ фузун истифода шудаанд, вале мавриде, ки Ҳусайн Воиз ба сифати дастури ахлоқ баёнияеро пешниҳод месозад, ҷумлаҳояш ҳамоно равшану фасеҳ ва нишонрасанд. Аз ин рӯ, ҳақ ба ҷониби муҳаққиқи «Нафоҳот-ул-унс»-и Ҷомӣ Маҳдӣ Тавҳидпур аст, ки гуфтааст: «Дар насри сабки махсуси давраи муғул, ки пояи он бар муғлакнависӣ ва касрати истеъмоли калимот ва луғоти араб буд, дар он давра масруку матрук монд. Ва ба ҷои он сабки дигаре ба вуҷуд омад, ки асоси он бар истиорату киноёти фаровон қарор дошт ва аз такаллуф дар луғоти араб орӣ буд. (Теҳрон, 1958, с. 151).

Масалан: «Ҳар кӣ дар тирборони ҳаводис сипари сабр дар сар кашад, зудтар хаданги умедаш ба ҳадафи мурод бирасад», «Ҳаё хислати шариф ва сифати мақбул аст», «Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамиъи аҳвол роҳи рост дошта бошӣ», «Ҳарчанд ҳиммат олитар бувад, ҷидду ҷаҳд дар талаби мақсуд бештар воқеъ мешавад». «Адл он аст, ки доди мазлумон диҳанд ва эҳсон он, ки марҳами роҳат ба ҷароҳати маҷруҳон ниҳанд», «Ростиву росткорӣ сабаби эминӣ ва растагорист».

Хусусияти барҷастаи «Ахлоқи Муҳсинӣ» ҳамчунин дар фаро гирифтани мавзӯъҳои он аст. Дар ин асар оид ба риояи ҳуқуқ ва «тарбияи хадаму ҳашам» боби ҷудогонаеро муаллиф овардааст, ки оид ба таърихи илми ҳуқуқшиносӣ сарчашмаи боэътимодро пайдо менамоем. Аз ин нигоҳ «Ахлоқи Муҳсинӣ» масъалаи давлату давлатдориро ба таври фасеҳу ошкоро ба миён гузошта, аҳкоми давлатро ба адолату ростӣ ва инсонпарварию хайрхоҳӣ даъват менамояд.

Дигар ин ки ҳангоми тайёр намудани матн калимоти мушкил ва баъзан истилоҳоти арабиро дар қавсайн шарҳ додаем. Гоҳо он қисматҳое, ки ба хонанда зарурат надоранд ва ё мавҷудияти онҳо фаҳмиши матнро мушкил мегардонад, аз онҳо сарфи назар карда шуда дар қавсайн (...) гузошта шудааст.

Рисолаи «Ҳотамия» чуноне ки дида мешавад, аслан ба тасвири аркони ҷавонмардӣ: саховат ва шуҷоат нигаронида шудааст. Ҳусайн Воиз агарчи дар «Футувватномаи султонӣ» маромномаи ойини ҷавонмардиро ҳамаҷонибаву мукаммал ба тадқиқ дода бошад ҳам, дар асари ахлоқиву андарзии хеш «Ахлоқи Муҳсинӣ» ҷиҳатҳои умдаи ин ойинро аз назар дур наандохта, зимни ин ё он боб ба он таваҷҷӯҳи амиқу фасеҳ меафканад. Махсусан дар боби қад, адаб, олиҳимматӣ, адолат, саховату эҳсон, амонат, вафо ба аҳд, шуҷоат, фаросат ва талаби некномӣ тарафҳои то андозае дар торикӣ мондаи ин ҷараёнро ифшо мегардонад.

пешина
аз 242
навбатӣ