Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Сиёсат оташе бошад, ки онро,
Зи баҳри бадсиголон барфурӯзанд.
Чу эшон мефурӯзанд оташи зулм,
Ҳамон беҳтар, ки эшонро бисӯзанд.

...Рӯзе яке аз ринду авбош гулдастае ба хизмати Тамғочхон овард, султон бистуду гуфт: «Аз куҷо овардай?» Гуфт «Аз гулзорҳо барчидаам». Гуфт: «Гулзорҳо мулки ту буда?» Гуфт: «На». Гуфт: «Аз моликаш харидай?» Гуфт: «Не, дар ин шаҳр гул нахаранд ва бисёр беҳиммат бошад». Султон тааммул фармуда гуфт: «Ҳар ки бе дастури касе дар боғи ӯ равад ва гул бичинад, метавонад низ ки бе изни (иҷозат) ӯ мева бозканад. Ва аз ин амалҳо суратҳои дигар низ мутасаввур аст». Ҳукм кард, то дасташ бибуранд. Акобирин шафоат карданд, то як ангушташ бибурриданд. Тамғочхон пайваста риндону бебоконро мекуштӣ. Рӯзе ин ҷамоат бар дари дарвозаи шаҳр навиштаанд, ки мо он гиёҳем, ки ҳарчанд сар зананд, бештар шавем. Ин хабар ба султон расид. Фармуд, то дар паҳлуи он хат навиштанд, ки мо низ боғбонем мунтазир истода, ки ҳар чи сар барорад, бидаравем. Фард:

Ҳар хор, ки сар барзанад аз гулшани мулк,
Филҳол сараш ба теғ барбояд дошт.

Гӯянд, ки Хурмуз ибни Нӯшервони одил худро ба сиёсат иқтирон (наздик шудан) дода буд, лутфи худро ба қаҳр инзимом дода фармуда, неконро бинавохтӣ ва бадонро расво сохтӣ:

Зада сиёсати ӯ роҳи корвони ситам,
Кашида марҳаматаш хони адл дар олам

Вақте рикобдори ӯ дар боғ рафт ва яке хӯшаи ангур бе иҷозати боғбон бозканд, боғбон аспи ӯ бигирифту гуфт: «Маро хушнуд кун ва илло назди шоҳ Хурмуз аз дасти ту тазаллум (арз) кунам». Ғулом ба вай чизе медод ва ӯ розӣ намешуд, алқисса ҳазор динор ба ӯ дод. Аз наҳиби сиёсати Хурмуз. Ҳукамо гуфтанд: «Салтанат мисли ниҳол аст ва сиёсат мисли об. Пас лозим аст бехи дарахти салтанатро ба оби сиёсат тоза доштан, то самараи амну амон ҳосил ояд.

Хуш он шаҳриёре, ки аз рӯи дониш,
Тааммул кунад дар китоби сиёсат.
Сари теғи ӯ гулшани салтанатро,
Тару тоза дорад ба оби сиёсат...

Пас аз одамиён ҳар ки бар хӯю хислати фариштагон аст, афзали навъи инсон аст ва ҳар ки бар табъу сирати сибоъ ва ҳайвон бошад, бадтарини даррандагон ва газандагон аст. Ва мустаҳиқи сиёсат эшонанд, на одамиён». Маснавӣ:

пешина
аз 242
навбатӣ