Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Касеро, ки орӣ ба зинҳори хеш,
Нигаҳ дор андозаи кори хеш.
Ба мардӣ ҳимоят аз ӯ вомагир,
Ба мардонагӣ кор аз ӯ дарпазир.
Яке қатра орад ба дарё паноҳ,
Зи садри садаф созадаш такягоҳ.
Ба сад тарбият номдораш кунад,
Яке гавҳари шоҳвораш кунад.

ДАР СИЁСАТ

Он забт кардан аст ва доштани сиёсат ду навъ аст: Яке сиёсати нафси худ, яке сиёсати ғайри худ. Ва аммо сиёсати нафс бар интизоми ахлоқ замина аст. Ва касби авсофи ҳамида ва сиёсати ғайр аз ду қисм аст. Яке сиёсати хосу муқаррибони даргоҳ ва забту насаки эшон ва дуввум сиёсати авом. Сиёсати авом бар он ваҷҳ аст, ки бадону бадфеълонро бояд, ки пайваста тарсону ҳаросон дорад. Ва некону неккирдоронро умедвор созад.

Аз Абузари Ҷамҳар пурсиданд, ки кадом подшоҳ бузургвортар аст? Гуфт: «Он ки бегуноҳон аз ӯ эмин бошанд ва гунаҳгорон тарсон ва маззаи теғи баркнишонаш бо гиряи ситамдидагон мудаббири муқтарин (наздикшаванда) бошад ва равиши насими файзрасонаш бо борони инъом бар дарвешони мустаҳиқ макоран (пайваста) бувад».

Нақл аст, ки Ҳушанги малик мегуфта, ки раҳмати ом аз худой бар некону муслимон ва ҳашми худо бар бадону муфсидон неши қаҳрам бо нӯши лутф даромехтааст: Фард:

Тарёку заҳр ҳар ду маро дар хазина ҳаст,
Онро ба дӯстон диҳам инро ба душманон.

Ҳукамо гуфтаанд, мадори олам бар сиёсат аст ва ӯро ба шаҳнагии ҷаҳони кавну фасод номзад кардаанд. Агар забти сиёсат набошад, муҳиммоти ҷаҳон бар насақ намонад ва агар қонуни таъдибу таъзиб набувад, корҳо рӯй ба табоҳӣ ниҳад:

Аз сиёсат низом ёбад мулк,
Бе сиёсат халалпазир бувад.
Насаки корҳои оламро,
Аз сиёсат ногузир бувад...

Гар теғи сиёсати салотин набувад,
Дар олами хок оби хуш кас нахӯрад.

Дар ҳадис омада, ки агар подшоҳ набудӣ, одамиён баъзе баъзеро бихӯрдандӣ, яъне ҳалоку нобуд сохтанӣ. Мамлакатро ҷуз ба сиёсат забт натавон кард ва фитнаро ҷуз ба сукуну сиёсат ором натавон дод. Овардаанд, ки яке аз хулафо ба минбар баромад, теғ кашида ва мусҳаф бар даст гирифта пас дар аснои хутба гуфт: «Эй мардумон, некуи шуморо ин бас аст, яъне мусҳаф. Ва бадони шумо ҷуз ба ин рост нашавед, яъне шамшер:»

пешина
аз 242
навбатӣ