Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Сикандар ин суханонро дастурамал сохта бинои ҷангу сулҳ бар ин ниҳод ва чун сифати шуҷоат мароҳили давлатро беҳтарин сифатест...
Якояк теғзан чун наргиси ёр,
Саросар сафшикан чун зулфи дилдор.
Вилоятгир чун зулфи ҳабибон,
Ғуборангез чун ҷаври рақибон.
Ҳама чун чашми хубон фитнаангез,
Ҳама чун ханҷари мардони хунрез.
ДАР ҒАЙРАТ
Ғайрат нигаҳдори чизест, ки инсонро сиёнати (ҳифз) он лозим бошад ва дар тадбири муҳиммот ва таъкиди сиёсат салотинро аз ин сифат чора нест, ҳам дар умури миллат ва ҳам дар нигоҳдошти мамлакат...
Ғайрати дунё се навъ аст: Аввал, нисбат ба ашъё, дуюм, нисбат ба хосони худ, сеюм, нисбат ба умумии халқ. Аммо он чи нисбат бо амсоли худ аст, чунон бошад, ки тафаввуқ (бартарӣ) хоҳад бар эшон ба мартабае, ки ҳеҷ кадомро бар ӯ сарафрозӣ нарасад ва ба ҳасби ҷоҳу савлату қадру шавкат ва ҳашмату азамат ва иқтидору абҳат (ҳайбат) аз ҳама беш бошад ва ҳар оина зуҳури ин ғайрат ва касрати ин ҳамият корҳои куллӣ кушояд, муҳиммоти ҳаспулмурод барояд ва ин аз хасоиси (хусусиятҳои) аҳли ҳиммат аст ва ҳарчанд ҳиммат баландтар бошад, ғалабаи ин ғайрат бештар бувад. Овардаанд, ки яке авлоди салотин ҳакимеро пурсид, ки ман мехоҳам, ки аз ихвону иқрони худ бар сар оям ва гӯйи давлат аз майдони ихтиёр ба чавгони иқтидор бирабоям. Маро аз асбоби ин кор чӣ чиз ба даст бояд овард? Ҳаким гуфт: Эй маликзода, ҳеҷ шайъе мар (чиз) иктисоби давлатро беҳ аз ҳиммат ва ғайрат нест:
- Сулҳ, ҳамеша некӣ кардан маъни мардум аст.
Касе, кӯ зи ғайрат барафрохт теғ,
Сари теғро биғзаронад зи меғ.
Зи ғайрат ба даст оядаш ному нанг,
Зи ғайрат муроди худ орад ба чанг.
Чунин гуфт он марди бедорбахт,
Ки аз ғайрат ояд ба каф тоҷу тахт.
Аммо ғайрате, ки нисбат ба хоси худ аст, ончунон бошад, ки хоси ҳарами (хонаи) худро аз чашми номаҳрам пӯшида дорад. Ва ҳарчи лозим бошад, эшонро бар он муҳайё созад, то ба баракати он раийят низ ба салоҳ мавсуф ва аз фасод дур бошанд:
Исматиёнро ба мақоми ҷалол,
Ҷилва ҳаром аст магар бо ҳалол.
Дида ба ҳар рӯй набояд кушод,
Пой ба ҳар кӯй набояд ниҳод.
Ин ҳама одат, ки ба тан мерасад,
Аз назари тавбашикан мерасад.
Дида фурӯ пӯш чу дурр дар садаф,
То нашавӣ тири балоро ҳадаф.
Ҳар ки ба ҷуз ҷуфти ҳалолат бувад,
Рӯҳ манамо дар ҳама ҳолат бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор