Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Касеро зафар бар зафар ҳосил аст,
Ки дар пурдилӣ лашкараш якдил аст.
Сипаҳро, ки фирӯзмандӣ расад,
Зи ёрони якдил баландӣ расад.
Ба мувофиқати акобир ва иттифоқи бузургон, хусусан ақрабо дар ин боб зарурат аст.
Панҷум, лашкарро ваъдаҳои некӯ додан ва ба навидҳои бузург мушарраф гардонидан. Шашум, то тавон ба нафси худ мубошири ҳарб набояд шуд, ки агар шикасте рӯй намояд, онро тадоруқ тавон намуд. Ҳафтум, дар тадбири кори лашкаркашӣ ва сипаҳсолорӣ касеро ихтиёр бояд намуд, ки ин сифот дошта бошад. Аввал, шӯҷоъу қавидил бувад ва ба он шуҳрат ёфта бошад, то аз он тарсу ҳарос дар дили душман афтад ва дигар тадбири тамом дошта бошад ва дохилу беруни ҷангро дониста.
Ҳаштум, он аст, ки чун касе дар аснои ҳарб ба муборизату шуҷоат мумтоз шавад... дар ҳаққи ӯ муболиға бояд намуд, то дигаронро низ майли ҳаводорӣ ва ҷонсипорӣ шавад. Нӯҳум, дар рӯзи ҳарб аз ғафлат дур бояд гашт. Даҳум, агар лашкари хасм шикаста гардад, дар паи эшон набояд рафт ва ба зудӣ касе дар ақиб набояд фиристод, ки чандин карат воқеъ шуда, ки лашкар боз гашта он фиристодагонро задаанд ва қувват боз ёфта муовадат (бозгашт кардан) намудаанд ва лашкари ғолибро мағлуб сохта ва агар касе ба ҳарби ту меояд ва ту дар садади дафъи ӯӣ аз ду берун нест:
ё туро тоқати муқовимати ӯ ҳаст ё на. Агар ҳаст аввало он аст, ки ба ҳар навъ аз анвоъи тадбире, ки мумкин бошад ӯро аз мақоми душманӣ бибояд гузаронид.
Ва агар ин сурат даст надиҳад шароити ҳарб он чӣ мазкур шуд риоят бояд фармуд. Ва агар тоқати муқовимат нест, ҷосусон ва дидбонон бар он кор бояд кард ва дар муҳофизати роҳҳо ва дарбандҳо ва истеҳкому қалъаҳо захира ниҳодан таксир набояд намуд ва дар талаби сулҳ... зарурат аст. Агар душман талаби сулҳ кунад аз сулҳ ибо набояд намуд ва аслан ситеза ва лиҳоҷ пеш набояд гирифт, ки лиҳоҷ мазмум аст ва толиби сулҳ ба охир музаффару мансур». Назм:
Ситеза макун з-он ки боди ситез,
Кунад боғи инсофро баргрез.
Ситеза ба ҷое расонад сухан,
Ки вайрон кунад хонумони куҳан.
Кунад оқил андар роҳи сулҳ сайр,
Ту ин роҳ мерав, ки ас-сулҳу хайр.*

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор