Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

1 Анҷоҳ - баровардани ҳоҷат.

Бӯду номи фароғати хотир муяссар маҳсул бошад ва хазонаи маъмуру сипоҳ мукаммал. Агар малик имрӯзро умр ҳисоб накунад, пас кадом рӯзро дар шумори умр тавон овард?» Гуфт: «Рӯзе, ки аз подшоҳ роҳате ба матлубе нарасад ва ҳоҷати маҳруме раво нагардад, чӣ гуна аз умр тавон шумурд?»

Зи умр он қадар беш наояд ба кор,
Ки дар нафъи халқи худо бигзарад.
Ва аз зиндагонӣ чӣ ҳосил бувад,
Ки дар кори нафсу ҳаво бигзарад.

Овардаанд, ки подшоҳи Чин аз Искандар пурсид, ки лаззати салтанат дар чӣ чиз ёфтӣ? Гуфт: «Дар се чиз: аввал, душманонро мағлуб сохтан, дуввум, дӯстуну ҳаводоронро сар барафрӯхтан ва сеюм ҳоҷати муҳтоҷонро раво кардану бинавохтани эшон. Ғайр аз ин ҳар лаззате, ки бошад, ҳеҷ эътиборе надорад».

Ҳамин бас зи шодию фармондиҳӣ,
Ки аз душманон мулк созад тиҳӣ.
Дувум дӯстонро бувад дилнавоз,
Рӯоси худро шавад корсоз.
Савум ҳоҷати марди умедвор,
Биронад магардонадаш шармсор.
Аз эшон касе гӯйи давлат рабуд,
Ки дар банди осоиши халқ буд.

ДАР ТААННИ ВА ТААММУЛ

Тааннӣ ва тааммул (оҳистагӣ) ва ғайра фармудан дар корҳо ба ҳазрати раҳмон аст. Интисоб ба таъҷил кардан ва шитобкорӣ намудан дар умур ба шайтон тааннии ҳама корҳо биёрояд ва ба сабаби таъҷил басе муҳиммот ба зиён ояд. Ҳар муҳимме, ки тааммул ва оҳистагӣ дар он шурӯъ намояд, ғолиб он аст, ки бар ҳасби дилхоҳ саранҷом ёбад. Ва ҳар коре ки ба гармӣ ва сабуксарӣ анҷомад, аксар он аст, ки ба мурод аз пеш наравад ва шояд, ки сабаби вуболи уқбо ва хиҷолати дунё шавад.

Ба оҳистагӣ кори олам барор,
Ки дар кор гармӣ наояд ба кор.
Чароғ ар ба гармӣ биафрӯхтӣ,
На худро на парвонаро сӯхтӣ.

Шикеб оварад бандагонро калид,
Шикебандаро кас пушаймон надид.

Овардаанд, ки Парвиз писари худро насиҳат мекард, ки чунончӣ ту ба раият ҳокимӣ, ақл бар ту ҳоким аст.
Чу халкро ба фармондории худ мефармой, ту ҳам аз фармони халқ берун марав ва дар ҳар коре, ки пеш ояд, ба он тааммул фармой ва ба ҳукми ақл машварат намой. Хусусан, дар муҳимме, ки аз он зараре ба нафси мардумон ё талафи моли эшон мерасад.

Бе тааммул мабош дар ҳама ҳол,
Бигузар аз тариқи истеъҷол.
Ҳар ки дорад тааннӣ андар кор,
Бар муродоти дил расад ночор.

пешина
аз 242
навбатӣ