Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Макун фаҳшу дурӯғу ҳазл пеша,
Мазан бар пои худ зинҳор теша.
Ки гар шоҳӣ, барад ҳазл обрӯят,
В-агар моҳӣ, кунад чун хоки кӯят.

Дигар ғайбат кардан аз заввал-иқтидор муносиб ненамояд, чӣ эшонро қудрат он аст, ки ба мӯҷибе ҳар чӣ хоҳанд бо ҳар кӣ хоҳанд бигӯянд. Пас, худро дар ҳисоби аҳли ғайбат набояд дошт ва мулозимонро ҳам аз ғайбати дигарон манъ бояд кардан. Назм:

Ғайбати кас то битавонӣ магӯй,
З-он ки зи ғайбат биравад обрӯй.
Гӯш манеҳ бар лаби ғайбатгарон,
То ту ҳам анбоз1 набошӣ дар он.

1 Анбоз — шарик.

ДАР АНҶОМИ ҲОҶАТ

Ҳар ки хоҳад, ки ҳоҷаташ раво бошад, бояд ба он чӣ тавонад ҳоҷати халқ барорад. Дар ҳадис омада, Ҳақ субҳонаҳу таоло ёрӣ медиҳад бандаи худро, модоме, ки ёрӣ медиҳанд бандагон ӯро. Байт:

Агар таваккуи бахшоиши Худо дорӣ,
Зи рӯи лутфу карам бар шикастагон бахшо.

Дар ахбор ворид аст, ки инъоми раббонӣ рӯй ба вай оварад ва афзоли субҳонӣ дар ҳаққи ӯ бисёр шавад, касрати эҳтимоли мӯҳтоҷон ва адои ҳуқуқи фурӯмондагон бар вай лозим бувад, зеро ки хоҳиши аҳли эҳтиёҷ бар қадри неъмат аст. Ҳарчанд неъмати аҳли ихтиёр ва иқтидор бештар бошад, анҷоми муродоти фуқаро ба раво кардани ҳоҷати зайфон бештар бояд. Пас, соҳиби саодате, ки салтанат ба ӯ арзонӣ дошта бошад ва ливои азамат ӯро арсаи ҷаҳондорӣ ва комронӣ барафрохта бояд, ки маунати халқро таҳаммул намояд ва дар ҳолати қудрат қазои ҳоҷати мӯҳтоҷонро ғанимат шуморад. Сурати матлуб ва чеҳраи мақсуди ҳеҷ мустаҳиқро дар ниқоби ҳиҷоб таваккуф раво надорад. Чун гули иқбол дар боғи давлат шукуфта меёбад ва шукуфтаи мурод дар чамани мамлакат бар шоҳсори уббаҳат (шукӯҳ) ҷилвагарӣ мебинад, баровардани муродот ғанимати бузург шуморад. Раво кардани ҳоҷати маҳрумон ва бечорагонро дастовези шагарф (нодир) шиносад:

Умеди халқ, раво кун ба марҳамат, ки ту низ,
Мукаррар аст, ки бо худ умедҳо дорӣ.
Бидеҳ муроди фақирон ба лутф, то бидиҳад
Муродҳо, ки ту бо ҳазрати Худо дорӣ.

Шарти салтанат он бошад, ки пайваста мунтазири хоҷоти мӯҳтоҷон бувад ва дили эшонро баровардани ҳоҷот шод созад, то савобе ба ин азамат аз вай фавт нашавад. Искандари Зулқарнайн рӯзе то шаб дар маҷлиси ҳукумат нишаста буд ва ҳеҷ кас рафъи ҳоҷате накард, чун вақти бархостан шуд, нудамои худро гуфт, ки ман имрӯзро аз ҳисоби умр нашуморам. Яке аз надимон гуфт: «Рӯзе ки дар сиҳату фароғат гузарад ва дар саломату каромат ба шаб расад, ба му-

пешина
аз 242
навбатӣ