Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дар ахбор омада, ки писари амири Балх рӯзе ба тамошо берун омада буд. Гузораш бар девори пасте афтод ва нигоҳ кард, пире дид зунноре бар миён баста ва беле дар даст гирифта дарахте мешинонад. Амирзода гуфт, эй пир, дарахте, ки аз меваи он нахоҳӣ хӯрд, чаро нишонӣ? Пир гуфт: «Дигарон коштанд мо мехӯрем, мо низ мекорем то дигарон бихӯранд. Шояд ки мо низ бихӯрем». Амирзодаи ҷавони наврасида мағрур буд ба талоқ савганд хӯрд, ки ту аз меваи ин боғ нахоҳӣ хӯрд ва ин бигуфту бигзашт. Пир пурсид, ки ин чӣ кас буд? Гуфтанд, писари амири Балх. Баъд аз муддате амирзода ба тамошо савор шуда ба боғе расид бағоят дилкашу равзае дид хушҳаво:
Дарахтонаш ҳама боло кашида,
Бар эшон меваҳое хуш расида.
Зи болои дарахтони сарафроз,
Навохон гашта мурғони хушовоз.
Амирзодаро он боғ бисёр хуш омад. Инон боз кашида аз маркаб пиёда шуд ва дар боғ даромад, пире дид зуннорбанд, ки дар он боғ мегашт. Чун амирзодаро дид нашнохт ва амирзода низ ӯро надонист. Пир табаке аз меваҳо чиду латиф пеш овард. Амирзода оғози хӯрдан кард. Дар аснои мева хӯрдан қадре ба дасти пир дод, ки ту ҳам бихӯр ва бо мо иттифоқ намоӣ. Пир он меваро ба яке аз мулозимони ӯ, ки истода буд доду гуфт: «Маро аз ин мева нашояд хӯрдан». Амирзода пурсид, ки чаро? Гуфт: «Ба ҷиҳати он ки вақте ман ин дарахтонро мешинондам писари амири Балх ба ин ҷо расид ва маро дар нишондани дарахт сарзаниш кард, ки умре гузаронида ва ба лаби гӯр расида... Ман сухани ӯро ҷавоб гуфтам ва ӯ ба талоқ савганд хӯрд, ки ту аз меваи ин боғ нахӯрӣ. Ман аз ҳурмати он ки шояд зинда ва кадхудо бошад меваи ин боғ нахӯрам, то талоқ воқеъ нашавад ва ман аз ӯҳдаи диёнат берун омада бошам».
Ҷавон гуфт: «Эй пир, он амирзода манам ва он савганд ман хӯрда будам аз баҳри ин диёнат, ки варзидӣ, вазорати худро ба ту тафвиз кардам ва дар ҳеҷ муҳимме бе машварати ту шурӯъ нахоҳам намуд»...
ДАР ВАФО ВА АҲД
Вафо кори ҷавонмардони соҳибкамол аст ва ҳусни аҳд аз хислатҳои бузургони сутудаҳол. Рухсораи ҳар акаде, ки ороише аз холи вафо ёбад, мурғи дили ҳеҷ кас гардан аз риштаи доми муҳаббати ӯ барнатабад...
Вафо кунед ба аҳдҳо, ки бо якдигар мебандед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор