Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Эй шуда з-имону амонат барӣ,
Дини ту фориғ зи диёнатгарӣ,
Тарс надорӣ, ки фаноет ҳаст,
Шарм надорӣ, ки худоет ҳаст.
Салотинро баъд аз муҳофизати ин амонатҳо ҳифзи амонати дигар лозим аст, яъне мулоҳизаи ҳоли раният. Агар дар муҳофизати эшон таксире равад ба аркони амонат раҳнае равад. Ҳукамо гуфтанд: Агар подшоҳе золимро ба амал фиристад ва муҳими раният ба ҷабборӣ ва дасткорӣ ҳавола кунад, аломати хиёнат аст дар ҳаққи раният. Чун ситамкораро бар заифону оҷизон муставлӣ сохтан чунон бешад, ки чӯпонии гӯсфандон ба гургон додан.
Ситамкора гургест бо дору гир,
Раният ҳама гӯспанде ҳақир.
Чу бисупурдӣ ин гӯсфандон ба гург,
Фитоданд андар балои бузург.
Ва дигар мулоҳизаи диёнат лозим аст ва диёнат муҳофизати амонат аст...
Овардаанд, ки дар аввали замони Нӯшервон, ки ҳанӯз риояти адолат наафрохта буд ва иштигол ба айшу ишрат, ба кори раният напардохта дар ҳамсоягии ӯ марде буд ба карам машҳур ва ба риояти меҳмонон ва мурооти эшон мавсуф ва мазкур:
Ба эҳсонаш фақирон шод гашта,
Зи банди эҳтиёҷ озод гашта.
Пайваста хони инъом бигустурдӣ ва хосу омро ба меҳмонӣ овардӣ, чун овозаи ӯ ба мардӣ баромад ва зинати ҷавонмардии ӯ дар дунёву забонҳо афтод. Нӯшервон ба ҷиҳати имтиҳон либоси бозаргонӣ пӯшида ба хонаи ӯ рафт ва мизбон ӯро нашнохта, чунончи одати ӯ буд, тариқи такаллуф нигоҳ дошт ва аз дақоиқи мурувват ва лавозими зиёфат ҳеҷ нукта фурӯ нагузошт ва ӯро дар суффае овард, ки панҷараи он дар боғи ангур буд ва ангурҳои латиф расида бар токҳо менамуд. Он ҷо сӯҳбат доштанд ва мизбон чунон такаллуф кард, ки Нӯшервон мутааҷҷиб шуд ва дар охири маҷлис гуфт: Эй хоҷа, ман марди бозаргонам ва бо овозаи футуввату ҷавонмардии ту туро тасдеъ (мазоҳим шудан) додам. Он чи дар бораи ту аз караму эҳсон шунида будам: «Чун бидидам ҳазор чандонӣ!»
Акнун меравам бар ман ҳукм фармой, ки барои ту чӣ туҳфа фиристонам ва чӣ ҳадя тартиб намоям. Мизбон гуфт он чӣ ба давлати ту ҳама асбоб муҳайёст.
Чун пардаи ҳашмат аз миён бархост ва расми такаллуф бартараф шуд, маро майли ангури тоза аст. Агар шуморо ба боғе баранд ё барои шумо ба расми табаррук биёранд, қадре барои ман бифиристед. Нӯшервон гуфт: «Дар боғи ту ангури бисёр дидам, чаро аз он нахӯрдӣ». Гуфт: «Эй хоҷа подшоҳи мо марди золими ғофил аст, парвои раият надорад. Ангурҳои мардум расида ва касе таъйин намекунад, ки ҳирз (нигоҳбон) гирад, мардум бе мулоҳиза ҳирзи ангур мехӯранд ва ман маҳрумам, ҷиҳати он, ки ҳаққи ӯ дар ин боғ ҳаст ва ҳанӯз ҳирз накардаанд. Агар ангур бихӯрам хиёнат карда бошам ва дар мазҳаби ман хиёнату бедиёнатӣ ҳаром аст. Чун ғӯра падид ояд дари боғ бандам ва муҳр кунам ва нагузорам, ки ҳеҷ офарида дар он ҷо равад, то вақте ки подшоҳ ҳаққи худ бигирад, в-он гаҳ ман даст ба ангур кунам». Нӯшервон, ки ин ҳикоят шунид, бигирист ва гуфт, ки он подшоҳи золиму ғофил манам ва ба сабаби диёнати ту аз хоби ғафлат бедор шудам. Тариқи адл пеш гирифт ва он мардро муаззам сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор