Зеҳн
Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Овозаи саховату эҳсони Ҳотамӣ,
Охир дар ин ҷаҳон ба абас барнаёмадаст.

Дигар Азим-ал-Рум, (подшоҳи Рум), ки ӯро Ҳирақл гуфтанд, чун дабдабаи ҷӯди Ҳотам шунид, мутафаххиси (ҷӯён) ахбор ва мутаҷассиси аҳволи вай гашт. Ба самъи вай расониданд, ки Ҳотам маркабе дорад бодпой ва борагие (аспе) ҷаҳонпаймой, чун тири хаданг зуд равад ва чун умри гиромӣ зудрав аспе, ки ба гармрӯй ба оташи дам мушобиҳат зада ва аз тезгомӣ бо боди тариқ ҳамраҳӣ супурда. Назм:

Чу ашки ошиқон гулгуну хушрав,
Ҷаҳонпаймотар аз Шабдизи Хусрав.
Ба вақти ҳамла барқосо ҷаҳанда,
Ба гоҳи пӯя чун сар-сар раванда.

Қайсар вазири худро гуфт, ки хабари саховати Ҳотам дар Арабу Аҷам фош шуда, васияти ҷавонмардӣ ва мурувваташ аз Қоф то Қоф фурӯ гирифта ва ман шунидаам, ки бад-ин сифат аспе дорад. Мехоҳам, ки нақли ӯро бар маҳаки эътибор ва сурати даъвии ӯро дар маҳкамаи маъни имтиҳон намоям ва кас аз паи он маркаб ба қабилаи Той фиристам. Маснавӣ:

Ман аз Ҳотам он аспи тозинажод,
Бихоҳам, гар ӯ макрамат¹ карду дод.
¹ Макрамат — лутфу эҳсон.

Бидонам, ки дар вай шукӯҳи меҳист,
В-агар рад кунад, бонги табли тиҳист.

Пас, элчӣ ба ҷиҳати он маркаб бо тӯҳфаҳову ҳадяҳо, ки лоиқи Ҳотам буд, фиристод ва ба андак замоне расули малики Рум ба қабилаи Той расида дар ҳаволиву манозили Ҳотам нузул намуд. Қазоро, муқорини (наздик шудан) расидани элчӣ абре падид омад ва борон у барф боридан гирифт. Ҳотам меҳмонро дилдорӣ намуда ба манзили пайваста фуруд овард ва филҳол бифармуд, то он аспро бикуштанд, таоме муҳайё карда назди меҳмон оварданд ва баъд аз фароғати таом асбоби истироҳат муҳайё сохта, Ҳотам аз хайма берун рафт ва он шаб аз ҳеҷ навъ сухане нагузашт. Субҳ, ки Ҳотам ба узрхоҳӣ омад элчӣ навиштаи Қайсар ба ҳадяе, ки фиристода буд, ба Ҳотам намуд. Чун Ҳотам бар мазмуни он иттилоъ ёфт, бағоят андешаманд гашт. Элчӣ ба фарасат асари малолат бар ҷабини Ҳотам мушоҳида фармуда, гуфт: «Эй ҷавонмард, агар дар додани асп музоиқа (зиқӣ) дорӣ, аз ҷониби мо низ чандон муболиға нест». Ҳотам ҷавоб дод, ки маро аз ин ҷинси асп агар ҳазор бошад, камтар кас аз аҳли рӯзгор аз ман талабад, ба ҳеҷ ваҷҳ музоиқа дар ҳофизаи тасаввури ман наёяд. Хусусан, султони азимушшаън маро ба талаби як асп муаззал (азиз) сохта ва ба ҷиҳати ин хабар вай хизмати расули бузурге ирсол намуда. Андешаи ман аз таҳайюр аст ва тафаккури ман аз ғояти таҳассур, ки чаро зудтар хабар наёфтам, то он аспро талаф накардаме. Маснавӣ:

пешина
аз 242
навбатӣ