Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
З он навозишгарӣ, ки ёфт аз ӯ,
Баъд аз он рӯй барнатофт аз ӯ.
Дар ин боб ин рубоӣ бисёр хуб афтода:
Бо ҳар ки карам кунӣ аз они ту шавад,
Андар ҳама вақт мадҳхони ту шавад.
Бо душмани хеш агар саховат варзӣ,
Шак нест, ки ёри меҳрубони ту шавад.
Ва аз фазилати ҷуд яке он аст, ки дилҳои халоиқ ҷавонмардонро дӯст дорад. Ҳарчанд, ки аз эҳсон баҳрае бад эшон нарасида бошад. Масалан, агар мардуми Хуросон бишнаванд, ки дар Ироқ марде кариму ҷавонмард аст, ҳама ӯро дӯст хоҳанд дошт ва бар ӯ офарин хоҳанд гуфт. Балки агар каримеро, ки дар қайди ҳаёт набувад ёд кунанд, ҳама кас санои ӯ гӯянд. Чунончи, Ҳотами Тойро, ки дар таърихи таълифи ин рисола, ки нӯҳсаду ҳафт сол аст аз вафоти ӯ қариб нӯҳсаду чиҳилу панҷ сол гузашта, ҳанӯз баҳори зикраш ба раёҳини офарин ороста аст ва чамани некномияш ба перояи санову таҳсин пероста. Фард:
Намонд Ҳотами Тойӣ, валек то ба абад,
Бимонд номи баландаш ба некӯй машҳур.
Овардаанд, ки чун овозаи ҷавонмардии Ҳотам ҷазираи Арабро то дорулмулки Яман фурӯ гирифт, овозаи саховати ӯ ба вилояти Шому мамлакати Рум расид. Волии Шом ва ҳокими Яману подшоҳи Рум ба адовати ӯ бархостанд. Чӣ ҳар як аз эшон даъвии саховат кардандӣ ва лофи ҷавонмардӣ задандӣ ва зикри Ҳотам бар забони аҳли замон бештар ҷорӣ буд ва тантанаи караму чуди вай дар ҳама атроф машҳуру паҳн:
Буд дарёдил зи дасти ҷуди ӯ дар инфиол.
Моли олам зери хони ҳиммати ӯ поймол.
ПАС, ҳар як аз эшон ба ӯ ба тариқае сулук (ҳамроҳ) гардид.
Аввалан, волии Шом хост, ки ӯро биёзмояд. Кас фиристод ва аз вай сад уштури сурхмӯи сиёҳчашми баландкӯҳон талабид ва мисли он шутур дар водии Араб нодир бошад ва агар ёфта шавад, бисёр гаронбаҳо бувад ва филвоқеъ дар он вақт ин навъ шутур дар рамаи Ҳотам набуд. Чун каси подшоҳи Шом ба Ҳотам расид ва пайғоми волиро гузаронид, Ҳотам дасти қабул бар сина ниҳод ва дар ҷавоби он «самъан ва тоатан» бар забон ронд. Фард:
Ба ҳар чи амр шавад, чокарему давлатхоҳ,
Ба ҳар чи ҳукм равад, бандаему хизматгор.
Пас, элчиро ба манзили некӯ фуруд овард ва асбоби зиёфат, чунончи фарохӯри аҳволи ӯ бувад, муҳайё гардонид ва бифармуд, то дар қабоили араб мунодӣ карданд, ки ҳар кӣ ин шутуре биёварад, ба баҳои тамоми аз ӯ бихарам ва ба мӯди (муддати ваъда) ду моҳ баҳо бад-ӯ расонам. Ҳосили калом, бад-ин тариқ сад шутур қарз карда ба султони Шом фиристод. Ва чун малики Шом бар ин ҳол иттилоъ ёфт, ангушти тааҷҷуб ба дандони таҳайюр гирифта фармуд, ки ман он аъробиро меозмудам ва ӯ худро ба воситаи мо дар қарз андохт. Пас, ҳамон шутурро аз матои Мисру Шом бор карда ба дасти ҳамон элчӣ баргардонид ва чун шутуронро назди Ҳотам оварданд, боз бифармуд, то мунодӣ карданд, ки ҳар кӣ шутуре ба ман дода, биёяд ва ҳамон шутури худ бо он чӣ ки бор дорад, бигираду барад. Пас, он сад шутурро бо бор ба худованди он дод. Ва ҳеҷ чиз барои худ бознагирифт. Хабар ба султони Шом расид. Гуфт, ин ҳама мурувват на ҳадди одамизодаст ва саховат Ҳотамро мусаллам аст. Фард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор