Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Аз Сулаймони Варроқ нақл кардаанд, ки гуфт, ки рӯзе дар хизмати Маъмун будам. Нигине аз ёқут дидам, ки тӯли ӯ чаҳор ангушт ва арзи ӯ ду ангушт ва дар сафову равшанӣ чун хуршеди тобону Ноҳида (Зӯҳра) дурахшон буд. Пас заргареро хонду гуфт: «Ҳотамие (ангуштарӣ) бисоз, ки ин ёқут нигини он тавонад буд». Заргар ёқут баргирифту бирафт. Қазоро рӯзи дигар ҳам дар хизмати вай будам, ки аз он ангуштарӣ ёд кард ва бифармуд, то заргарро биёварданд. Чун заргар ҳозир шуд, дидам, ки раъша (тарс) бар вай афтодааст ва чун бел меларзид. Маъмун пурсид, ки сабаби тағйири ту чист?
1 Чудар — чӯбпоя.
Гуфт: «Маро амон деҳ, то бигӯям». Гуфт: «Амон додам». Заргар нигин берун кард ба чаҳор пора шуда. Гуфт: «Эй халифа, ангуштарӣ сохтам ва хостам, ки нигинро ба нигиндон барам, аз дасти ман бар сангдон афтод ва чаҳор пора шуд». Маъмун табассум карду гуфт: «Бирав ва инро чаҳор ангуштарӣ соз ва туро дар ин ҳеҷ гуноҳе нест». Ва ин сурат, ки аз Маъмун содир шуд, ғояти ҳилму бурдборист:
Ҳилм сармояи камол бувад,
Сабаби иззату ҷалол бувад.
Хили шодифазои ҳар хиҷил аст,
Мумиёии ҳар шикастадил аст.
Нӯшервон аз Бузургмеҳр пурсид, ки ҳилм чист? Гуфт: «Намаки хони ахлоқ аст. Чӣ ҳуруфи онро чун баргардонанд, милҳ (намак) мешавад, чунон ки ҳеҷ таоме бе милҳ мазза надиҳад, ҳеҷ хулқе ба ҳилм ҷамол нанамояд». Нӯшервон гуфт: «Аломати ҳалим кадом аст?» Гуфт: «Ҳалимро се нишона аст: яке он ки агар туршрӯю сахтгӯе сухани талх дар миён орад, ӯ дар баробари он ҷавоби ширин бар забон ронад ва агар ба феъл низ ӯро биранҷонад, бо замми он (ба муқобили) бо ӯ эҳсон намояд». Қитъа:
Бо ту гӯям, ки чист ғояти ҳилм,
Ҳар ка заҳрат диҳад, шакар бахшаш,
Ҳар ки бихрошадат ҷигар ба чапэ,
Ҳамчу хони карим зар бахшаш.
Кам мабош аз дарахти сояфикан,
Ҳар ки сангат занад, самар бахшаш.
Аломати дуввум он аст, ки дар айни он ки оташи хашм забон гирифт ва савлати ғазабу сутувати он ба ғоят расад, хомӯш гардад ва ин далели итминони дил ва таскини рӯҳ аст. Ва дарвешони солик илоҷи ғазаб бад-ин наҳс кардаанд.
Нишони севвум, фурӯ хӯрдани хашм аст, агар касе филвоқеъ мустаҳиқи уқубат бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор