Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дар «Футувватномаи султонӣ» порчаҳои назмии фаровоне аз эҷодиёти бузургтарин шоирони классикамон (Низомӣ, Санойӣ, Аттор,
Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Хусрави Деҳлавӣ) оварда шудааст. Аз ин рӯ он ҳамчун сарчашмаи бадеӣ низ хизмат хоҳад кард.
Қисмати аз ҳама муҳими ин асар ба тасаввуф бахшида шудааст. Ҳусайн Воиз тасаввуфро хеле муфассал баён кардааст, ки ин барои таҳқиқи яке аз тарафҳои камомӯхташудаи таърихи адабиётамон ёрии калон мерасонад.
«Футувватномаи султонӣ» забону услуби хосро дорост. Сабки муаллиф бисёр равону содда буда, асар аз ибтидо то интиҳо ба тариқи саволу ҷавоб баён мегардад. Саволҳо низ хеле кӯтоҳу муъҷаз буда, ҷавобҳояш соддаву ошкоро мебошад. Дар охир бояд гуфт, ки мутолиаи ин асар бисёр ҷиҳатҳои ахлоқи неки гузаштагонамонро ёдрас менамояд ва дар тарбияи инсони имрӯза нақши шоистае дорад.
Дар таҳияи «Футувватномаи султонӣ» чопи Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷӯб, ки то кунун саҳеҳтарин нашр ба шумор меравад, асос қарор гирифт. Ҳангоми таҳия баъзе ҷойҳои матн кӯтоҳ ва ба сабаби барои хонандаи имрӯза зарурат надоштанашон сарфи назар шуда, он ҷойҳо бо (...) ишора шуданд.
«Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воиз дар миёнсори андарзиву ахлоқии мардуми Аҷам аз машҳуртарин ва дилангезтарин асари халлоқонаи андарзиву ахлоқӣ мебошад. Суханвари нозукадои тавоно ин шоҳкории шоистаи хешро соли 1495 эҷод намуда ба Абдулмуҳсин Мирзо — писари Ҳусайн Бойқаро бахшидааст. Ин асари дидактикию ахлоқӣ ба хотири тарғиби суннатҳои волою чашмгири инсонӣ ва ба камол расонидани инсони ҳамаҷонибаи рушду нумуъкарда ҷомаи амал пӯшидааст, ки имрӯз ҳам мақоми тарбиявии хешро аз даст надодааст.
«Ахлоқи Муҳсинӣ» дорои чиҳил боб буда, масъалаҳои гуногуни ахлоқро аз қабили: шукр, таваккал, ҳаё, иффат, адаб, олиҳимматӣ, азм, ҷидду ҷаҳд, субот ва истиқомат, адолат, авф, ҳилм, хулқу рафтор, шафқат ва марҳамат, хайрот ва мубаррадот, саховату эҳсон, тавозуъ ва эҳтиром, амонату диёнат, вафо ба аҳд, сидқ, анҷоми ҳоҷат, таанни ва тааммул, машварат ва тадбир, ҳазму дурандешӣ, шуҷоат, ғайрат, сиёсат, таяққуз ва хибрат, фаросат, катмони асрор, иғтиноми фурсат ва талаби некномӣ, риояи ҳуқуқ, сӯҳбати ахёр, дафъи ашрор, тарбияти хадаму ҳашам ва дигарро фаро мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор