Футувватномаи султонӣ • Ахлоқи муҳсинӣ • Рисолаи ҳотамия

Маҷмӯаи осори машҳури шоир ва адиби асримиёнагии тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифиро дар бар мегирад. Китоб асарҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва таърихиро муттаҳид кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 242 саҳифа
Дар назди футувватдорони ҷавонмард омӯхтани илм, махсусан ваҳдати илму амал муҳимтарин рукни ахлоқиву фалсафии ин ҷараён мебошад. Аз ин рӯ, муаллиф ҳангоми муайян намудани рукнҳои аслии тариқат аввалу дуюми онро ба омӯхтани илм чорасозӣ менамояд: «Агар пурсанд, ки аркони тариқат чанд аст. Бигӯй, шаш: аввал омӯхтани илму он чӣ бар ӯ фарз бошад, дуюм илмро ба амал расонидан, ки илми бе амал дарахтест бемева ва чарогест беравған».
Ҷавонмардон дар роҳи интихобкардаи худ зери назари устоди комил илми футувватро аз бар менамоянд. Вале дар ин роҳи бисёр мушкил на ҳар кас метавонад устод бошад.
Ҷавонмардон ҳамон шахсеро устоди худ меҳисобанд, ки назари хиёнат ба ҳеҷ кас накунад, мушфику меҳрубон бошад. Шабзиндадорӣ, омӯхтани илм, бо бадон нанишастан, эминӣ аз ғайбату дурӯғ ва хушнудии халкро хоҳону ҷӯён бошад.
Ҳусайн Воиз оини ҷавонмардиро, ки аз шуҷоату саховат ва дигар хислатҳои писандидаи умуминсонӣ иборат аст, обуранги тасаввуфӣ дода, ҳатто илми ҷавонмардӣ — футувватро яке аз шӯъбаҳои илми тасаввуф қаламдод менамояд. Чунин маҳдудияти ғоявӣ, пеш аз ҳама, ба муҳити зиндагӣ ва идеологияи ҳукмрони замони адиб муносибати ногусастанӣ дорад.
Дар «Футувватномаи султонӣ» беҳтарин ва баргузидатарин хислату хусусияти ахлоқи инсонӣ тараннум мегардад, аз ин рӯ ин асари ахлоқӣ дар тарғиби ахлоқи неку ҳамида мақоми шоистаро дорост.
«Футувватномаи султонӣ» бо фароҳам гирифтани мавзӯоти гуногун, ки ба тамоми тарафҳои ҷараёни ҷавонмардӣ бахшида шудааст, аҳамияти бузурги ахлоқиву илмӣ, адабиву маданӣ ва услубиву фолклориро доро мебошад. Муаллиф яке аз қисматҳои асарро «Дар баёни қиссахонон ва афсонагӯён» унвон додааст, ки доир ба қиссахонӣ, афсонагӯӣ ва умуман, эҷодиёти шифоҳии халқ маълумоти фаровон медиҳад. Дар ҳамин боб Ҳусайн Воиз ба тоифаҳои гуногуни бозигарон, аз қабили гӯштигирон, санггирон, повакашон, саллакашон, муғиргирон, расанбозон, тосбозон, лӯъбатбозон ва ҳуккабозон қисматҳои алоҳида бахшида, хусусиятҳои ҳар кадоме аз онҳоро муфассал шарҳу маънидод менамояд. Ин ҷиҳат барои таҳқиқи таърихи илми варзиши бадан, ки то имрӯз чандон омӯхта нашудааст, қимати илмиву амалиро молик аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор