Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Бар даҳону бар дилаш қуфл асту банд,
То нанолад бо Худо вақти газанд.
Дод мар Фиръавнро сад мулку мол,
То бикард ӯ даъвии иззу ҷалол.
Дар ҳама умраш надид ӯ дарди сар,
То нанолад сӯйи Ҳақ он бадгуҳар.
Мардони Худо бояд ҳаргиз ғофил намонанд ва бовар дошта бошанд, ки Худованд музди сабру хушнудии онҳоро хоҳад дод. Одами худошинос аз мушкил ноумед намешавад ва пайваста мунтазири кушоиши корҳо мемонад.
Коҳ бошад, к-ӯ ба ҳар боде ҷаҳад,
Кӯҳ кай мар бодро вазне ниҳад?
Дар зиндагӣ барои инсонҳо бадбахтию нокомӣ ва дарду ранҷ пеш меояд. Вале бо кӯшишу сабру ризо ҳар ранҷе поён хоҳад ёфт. Худованд ба ёрии бандагони худ хоҳад шитофт.
ДОСТОНИ ДЕҲОТӢ ВА ШАҲРӢ
Як марди деҳотӣ бо як марди шаҳринишин дӯсту рафиқ шуда буд. Ҳар соле як бор ба шаҳр меомад ва ду-се моҳ дар хонаи дӯсти шаҳрии худ иқомат мекард. Деҳотӣ ҳар сол меҳмон мешуд ва ҳангоми бозгашт аз соҳиби хона ва ҳамсару фарзандони ӯ даъват мекард, ки як бор ҳам бошад, ба деҳи ӯ бираванд, то битвонад дар баробари пазироиҳои гарми онҳо ононро чанд рӯзе меҳмон кунад ва аз сафои деҳистон баҳраманд шаванд. Аммо марди шаҳрӣ дилаш роҳ намедод, ки даъвати деҳотиро пазирад ва ҳар бор баҳонае мекарду намерафт. Бори охир марди деҳотӣ пас аз се моҳ мондан дар хонаи дӯсти худ домани ӯро гирифт ва бо зорӣ хоҳиш кард қавл бидиҳад, ки ба зудӣ аз ӯ боздид хоҳад кард. Аз зану фарзандони ӯ ҳам хост, ки мардро розӣ кунанд, ки ба ин сафар ризо шавад. Он қадар аз обу ҳавою сафою зебоии деҳ таъриф кард, ки даҳони ҳама об гирифт ва муштоқи сафар шуданд. Ба падар исрор карданд, ки даъвати дӯсти деҳотиро бипазирад.
Кӯдакони хоҷа гуфтанд: Эй падар,
Моҳу абру соя ҳам дорад сафар.
Падар гуфт:
– Дили ман мехоҳад аз обу ҳавои хуш баҳра бибарам, аммо аз қадим гуфтаанд: «Аз бадии касе, ки ба ӯ некӯӣ кардаӣ, бипарҳез». Аз ҳамин ҷиҳат ман ба ин сафар майл надорам.
Охир падар бо хоҳиши кӯдакон тан дод ва ба роҳ афтоданд. Пас аз чанд рӯзи роҳпаймоӣ ба он деҳ расиданд ва суроғи хонаи дӯсти худро гирифтанд. Аммо ҳамин ки деҳотӣ хабари омадани онҳоро шунид, пинҳон шуду рӯ нишон надод. Марди шаҳрӣ бо пурсуҷӯ хонаи ӯро ёфт, вале ҳар қадар дарро заданд, касе онҳоро ҷавоб надод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор