Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ГУФТУГӮЙИ ХУДО БО МӮСО

Рӯзе Худованди бузург ба Мӯсо (а) фармуд:
– Маро ба забоне бихон, ки бо он гуноҳ накарда бошӣ.
Мӯсо гуфт:
– Ман гунаҳкорам ва чунин забоне надорам.
Худованд фармуд:
– Маро бо забони дигар бихон.
Гуфт:
– Чӣ гуна?
Фармуд:
– Ба дигарон он қадар меҳрубонӣ кун, то ба ту дуои хайр бикунанд. Ман дуои дигаронро дар ҳаққи дигарон мепазирам.

Гуфт Мӯсо: «Ман надорам он даҳон»,
Гуфт: «Моро аз даҳони ғайр хон.
Аз даҳони ғайр кай кардӣ гуноҳ?
Аз даҳони ғайр бархон, к-эй Илоҳ!
Ончунон кун, ки даҳонҳо мар туро
Дар шабу дар рӯзҳо орад дуо.
Аз даҳоне, ки накардастӣ гуноҳ
В-он даҳони ғайр бошад, узр хоҳ.
Ё даҳони хештанро пок кун,
Рӯҳи худро чобуку чолок кун».
Зикри Ҳақ пок аст, чун покӣ расид,
Рахт барбандад, бурун ояд палид.
Мегурезад зиддҳо аз зиддҳо,
Шаб гурезад, чун барафрӯзад зиё*.
Чун дарояд номи пок андар даҳон,
На палидӣ монаду на андуҳон.

  • Зиё – равшанӣ, нур.

ДОСТОНИ МАРДИ ХУДОПАРАСТ ВА ШАЙТОН

Он яке «Аллоҳ» мегуфтӣ шабе,
То ки ширин мешуд аз зикраш лабе.
Гуфт шайтон: «Охир, эй бисёргӯ!
Ин ҳама «Аллоҳ»-ро «лаббайк» ку?»

Шайтон шабе ба марде, ки «Худо-Худо» мегуфт ва аз таҳи дил дуо менамуд, гуфт:
– Эй марди пургӯ, то кай ин қадар Худоро мехонӣ? Магар намебинӣ, гӯшаш ба дуои туи гунаҳкору носавобкор нест ва ҷавоб ба дархостҳои ту намедиҳад?
Он мард дилшикаста шуд ва бо ноумедии бисёр ба хоб рафт. Дар хоб ҳазрати Хизрро дид. Хизр аз ӯ пурсид:
– Чаро дигар Худоро наметалабӣ?
Гуфт:
– Худованд ба ман ҷавоб намедиҳад.
Хизр гуфт:
– Ҳамон Худо омодаи ҷавоби ту аст, ӯ туро мешунавад ва дуои туро мепазирад. Ту агар чизе намешунавӣ, аз нодонии туст ва агар балое мерасад, барои озмоиши туст.

Ҳилаҳову чораҷӯйиҳои ту,
Ҷазби мо буду кушод ин пойи ту.
Тарсу ишқи ту каманди лутфи мост,
Зери ҳар «ё Рабб»-и ту «лаббайкҳост».

Бандагони хуби Худо ҳар чӣ бихоҳанд, ба онҳо мерасад, агарчи дар ранҷ биафтанд. Аммо онҳое, ки дилашон ба Худо нест ва аз некӣ ба халқи Худо дареғ медоранд, дар нозу неъмат ҳастанд ва бад-ин васила аз Парвардигор ғофил мемонанд. Оқибат ба сазои носипосии худ мерасанд. Монанди Фиръавн, ки Худованд солҳо ба ӯ суруру шодмонӣ дод, ҳатто ҳаргиз бемор нашуд, то Худоро ба ёд наёвард ва дар охир дучори хашми Парвардигор шуд. Худу ҳамроҳонаш дар об ғарқ шуданд ва ба сахтию бадбахтӣ аз миён рафтанд:

пешина
аз 176
навбатӣ