Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Сипас Худованд ба Мӯсо фармон дод, ки ӯ чӯпонро биёбад ва аз ӯ узр бихоҳаду дилҷӯйӣ кунад. Ба ӯ бигӯяд, ки ба ҳар забону ҳар гуна, ки дилаш мехоҳад, бо ман гуфтугӯ кунаду хоҳиши худро бозгӯ намояд. Худованд забони хос интихобкарда надорад. Ӯ ба ҳамаи забонҳо доност ва аз ҳамаи қалбҳо огоҳ аст.
Мӯсо дар пайи фармони Худованд биёбонро зери по гузошт ва он қадар ҷустуҷӯ кард, ки чӯпони саргардонро ёфту аз ӯ узр хост. Дастури Худовандро ба ӯ расонид ва вайро хушҳолу хушнуд сохт:
Чунки Мӯсо ин итоб аз Ҳақ шунид,
Дар биёбон дар пайи чӯпон давид.
Бар нишони пойи он саргашта ронд,
Гард аз паррай биёбон барфишонд.
Оқибат дарёфт ӯрову бидид,
Гуфт: «Мужда деҳ, ки дастуре расид:
Ҳеч одобеву тартибе маҷӯ,
Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат, бигӯ.
ДОСТОНИ МАРДЕ, КИ МОР ДАР ДАҲОНАШ РАФТА БУД
Оқиле бар асп меомад савор,
Дар даҳони хуфтае мерафт мор.
Он савор онро бидиду мешитофт,
То рамонад морро, фурсат наёфт.
Саворе ба роҳе мегузашт. Зери дарахте мардеро хуфта дид, ки море ба даҳонаш мерафт. Чун натавонист морро тарс диҳад, барои ин ки марди хобидаро бедор кунад, бо тозиёна ӯро зад, то аз хоб бархезад. Сипас ӯро бо зӯри тозиёна маҷбур ба тез давидан кард. Бо зӯр себҳои бадбӯйи зери дарахтро ба ӯ мехӯронду медавонидаш. Ҳарчанд мард зорӣ мекард, ки чаро ӯро мезанаду медавонад, савор чизе намегуфт. Он қадар он мард себи бадбӯй хӯрду давид, ки оқибат дилаш ғаш кард ва зардаи ӯ ба ҷӯш омад. Ҳар чӣ хӯрда буд, боло овард. Дар миёни себҳои гандида мор ҳам аз даруни вай берун ҷаст. Чашми он мард, ки ба мор афтод, донист, ки чӣ пеш омада ва барои чӣ савори доно базӯр ӯро водор ба хӯрдани себи тосидаву пӯсида кард ва маҷбур ба давидан намудааст. Ногаҳон дардҳои худро фаромӯш карду кинае, ки аз он савор ба дил гирифта буд, берун рехт ва рӯйи дасту пойи савор афтод ва аз меҳрубонию дониши ӯ, ки сабаби раҳоиаш шуд, арзи сипос карда гуфт:
Афв кун, эй хубрӯйи хубкор,
Он чӣ гуфтам аз ҷунун, андаргузор.
Савор гуфт:
– Агар ба ту мегуфтам, ки мор ҳангоми хоб ба даҳонат рафтааст, метарсидам, ки аз шиддати тарс ҷон бидиҳӣ. Аз ин сабаб хомӯш мондам ва танҳо ба коре, ки муфид мепиндоштам, пардохтам. Чун бо хӯрдани себҳои пӯсидаву тосида дил беҳузур мешавад ва давидан ҳам ёрӣ мерасонад, ки ҳар чӣ ҳаст, бо фишор аз шикам берун барояд, умедвор будам, ки мор ҳам пеш аз ин ки туро неш бизанад, ҳамроҳи зардобу гандидаҳои себ аз даҳонат берун мешавад. Шукри Худо, ки комёбу пирӯз шудам ва ту аз осеби мор дар амон мондӣ, аммо бидон, ки агар медонистам тадбири ман бекор аст, ҳаргиз туро озор намедодам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор