Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Мӯсо (а), ки ин гуфтаҳоро шунид, дар хашм шуду аз шубон пурсид:
– Бо кӣ сухан мегӯйӣ?

Гуфт: «Бо он кас, ки моро офарид,
Ин замину чарх аз ӯ омад падид».

Мӯсо (а) ба он марди содадил ғазаб карду гуфт:
– Магар кофир шудаӣ? Худо монанди мо нест, ки ҳоҷат ба парасторию ғамхорӣ дошта бошад, ё пойафзор бихоҳад, ё рахти хоб лозимаш бошад.

Гуфт Мӯсо: «Ҳой, бас мудбир шудӣ,
Худ мусулмон ношуда, кофир шудӣ.
Ин чӣ жож аст? Ин чӣ куфр асту фушор?
Пунбае андар даҳони худ фашор.
Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,
Куфри ту дунёи динро жанда кард.
Чоруқу потоба лоиқ мар турост,
Офтоберо чунинҳо кай равост?
Гар набандӣ з-ин сухан ту ҳалқро,
Оташе ояд, бисӯзад халқро».

Агар ин гуна сухан бигӯйӣ, дунё хароб мешавад. Оташе меояду ҳама мардумро месӯзонад. Ин қадар ёва нагӯй! Дӯсти нодон бадтар аз душман аст!
Чӯпон аз тарси хашми Худованд фарёд зад:
– Эй Мӯсо, ту бо ин сарзанишҳо ҷони маро сӯхтӣ ва даҳонамро аз пушаймонӣ дӯхтӣ!
Он гоҳ ҷомаи худро дариду гиребончок сар ба биёбон гузошт.
Худованд ба Мӯсо (а) гуфт:
– Ин чӣ коре буд, ки кардӣ? Ту бандаи маро озурдӣ!

Ваҳй омад сӯйи Мӯсо аз Худо:
«Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо.
Ту барои васл кардан омадӣ,
Ё барои фасл кардан омадӣ?
Ҳар касеро сирате бинҳодаам,
Ҳар касеро истилоҳе додаам.
Дар ҳаққи ӯ мадҳу дар ҳаққи ту зам,
Дар ҳаққи ӯ шаҳду дар ҳаққи ту сам.
Мо барӣ аз поку нопокӣ ҳама,
Аз гаронҷониву чолокӣ ҳама.
Ман накардам амр, то суде кунам,
Балки то бар бандагон ҷуде кунам.
Ҳиндувонро истилоҳи ҳинд мадҳ,
Синдиёнро истилоҳи синд мадҳ.
Ман нагардам пок аз тасбеҳашон,
Пок ҳам эшон шаванду дурфишон.
Мо забонро нангарему қолро,
Мо равонро бингарему ҳолро.

Худованд ба Мӯсо (а) гуфт:
– Ман ба халқ ниёз надорам. Онҳоро аз роҳи бахшиш зиндагӣ додам. Табъи ҳар кас хоси худи ӯст, ҳар кас бо забони худ ва бо фаҳми худ ба ман розу ниёз мекунад. Ҳиндӣ бо забони худ ва эронӣ бо забони худ. Ман муҳтоҷи ситоиш нестам. Инҳо одоби мардуми рӯзгор аст. Ман ба қалби поку нияти хуб нигоҳ мекунам:

Мӯсиё, одобдонон дигаранд,
Сӯхтаҷону равонон дигаранд.
Ошиқонро ҳар нафас сӯзиданист,
Бар деҳи вайрон хироҷу ушр нест.
Гар хато гӯяд, варо хотӣ магӯ,
Гар бувад пурхун шаҳид, ӯро машӯ.
Хун шаҳидонро зи об авлотар аст,
Ин хато аз сад савоб авлотар аст.
Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост,
Ошиқонро миллату мазҳаб Худост.

пешина
аз 176
навбатӣ