Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт:
– Оби ширгарм ба ӯ бидеҳ!
Ходим гуфт:
– Эй вой, ман меҳмонро хеле дӯст медорам, ба чашм!
Сӯфӣ гуфт:
– Ҷояшро бирӯб!
Хулоса, ҳар чӣ сӯфӣ супориш кард, ходим «эй вой» гуфту фармонбардорӣ нишон дод. Дар охир бархост, ки барои иҷрои фармони сӯфӣ биравад.

Ходим ин гуфту миён барбаст чуст,
Гуфт: «Рафтам коҳу ҷав орам нахуст».

Аммо ҳамин ки аз дар берун рафт, сӯфию харашро фаромӯш карду пайи кори худ рафт. Марди сӯфӣ, ки хаёлаш аз бобати хар осуда шуда буд, низ ба хоб рафт. Дар хоб дид, ки гургон ба хараш ҳамла бурда, гӯшти ӯро мехӯрданд ва сӯфӣ мепурсид: «Пас ходими меҳрубони хонақоҳ куҷост?»
Аз хоб бедор шуду дубора ба хоб рафт, боз дид, ки хараш лангон-лангон ба чоҳу чола меафтад. Аз хоб бедор шуд, ба худ гуфт, он ходим бо ман нону намак хӯрд, набояд ба ӯ бадгумон бишавам, ки харамро нигоҳубин накардааст. Аз он сӯ, хари бадбахт дар оғил аз ташнагию гуруснагӣ меғалтид. Бомдод ходим хари нотавонро пеш андохту ӯро бо халачӯб меронд.

Хар ҷаҳанда гашт аз тезии неш,
Ку забон, то хар бигӯяд ҳоли хеш?

Сӯфӣ савори хар шуду ба роҳ афтод, аммо ҳайвони нотавон мадори роҳ рафтан надошт. Мардум ба тасаввури ин ки хар бемор аст, дар ҷустуҷӯйи дарду дармон буданд. Ба сӯфӣ гуфтанд:
– Ту дишаб аз тавоноии харат сухан мегуфтӣ ва супориши обу ҷав медодӣ. Чӣ тавр шуд, ки харат ба ин ҳоли зору низор афтодааст?
Сӯфӣ гуфт:
– Он ки тамоми шаб «эй вой» бихӯрд, беҳтар аз ин наметавонад роҳ биравад. Ходими хонақоҳ ба ҷойи коҳу ҷав ба ӯ «эй вой» хӯрондааст. Ҳар кӣ монанди ман ба ходим эътимод кунад, оқибате беҳтар аз ин нахоҳад дошт.
Дар сарзамини дигарон хона бино макун. Кина ба худ роҳ мадеҳ, ки гумроҳ мешавӣ, бад маяндешу бад макун.

Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ,
Мобақӣ ту устухону решаӣ.
Гар гул аст андешаи ту, гулшанӣ,
В-ар бувад хоре, ту ҳимай гулханӣ.

ДОСТОНИ ШОҲУ БОЗ

Подшоҳе бозе дошт, ки бад-ӯ бисёр алоқаманд буд. Рӯзе аз вай бигрехту ба хонаи пиразане, ки бар лаби танӯр ба кори нонпазӣ барои фарзандони худ саргарм буд, фуруд омад. Пиразан ӯро бигирифту пояшро баст ва гуфт: Нохунҳои ту баланд шудаанд. Онҳоро чиду сипас ба парҳои ӯ нигарист. Ба назараш дарҳаму ошуфта омад. Онҳоро ҳам кӯтоҳ кард.

пешина
аз 176
навбатӣ