Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Чунки ӯ тар кард абру, маҳ надид,
Гуфт: «Эй шаҳ, нест маҳ, шуд нопадид».
Гуфт: «Оре, мӯйи абру шуд камон,
Сӯйи ту афганд тире аз гумон».
Чун яке мӯ каж шуд, ӯро роҳ зад,
То ба даъво лофи диди моҳ зад.
Мӯйи каж чун пардаи гардун бувад,
Чун ҳама аҷзот каж шуд, чун бувад?
Рост кун аҷзотро аз ростон,
Сар макаш, эй рострав, з-он остон.
Ҳам тарозуро тарозу рост кард,
Ҳам тарозуро тарозу кост кард.
Ҳар кӣ бо норостон ҳамсанг шуд,
Дар камӣ афтоду ақлаш данг шуд.
Бар сари ағёр чун шамшер бош,
Ҳин, макун рӯбоҳбозӣ, шер бош.

ДОСТОНИ МОРГИРИ ДУЗД

Моргире море аз моргири дигар дуздиду ба хонаи худ бурд. Аз қазо он мор хашмгин шуду тан ба таслим надод. Афсуни моргири дузд дар ӯ асар накард ва моргирро газиду кушт. Соҳиби аслии мор аз ҳодиса огоҳ шуду гуфт:
– Худо нигоҳ дорад. Ман дар ҷустуҷӯйи ӯ будам, ки морамро пас бигирам ва дуо мекардам, ғофил, ки чӣ бар сари ӯ хоҳад омад. Агар дуои ман пазируфта мебуд, акнун ман ба ҷойи ӯ мурда будам.

Дар дуо мехостӣ ҷонам аз ӯ,
К-аш биёбам мор, бистонам аз ӯ.
Шукри Ҳақро, к-он дуо мардуд шуд,
Ман зиён пиндоштам, худ суд шуд.
Бас дуоҳо, к-он зиён асту ҳалок
В-аз карам менашнавад Яздони пок.

ДОСТОНИ МАРДИ СӮФӢ ВА ХОДИМИ ХОНАҚОҲ

Марди сӯфие савор бар хари худ ҷаҳонгардӣ мекард. Дар роҳ ба хонақоҳе расид, харро дар охур басту худаш ба сӯфиёни дигар пайваст ва бо онҳо ба зикр гуфтан нишаст.

Дафтари сӯфӣ саводу ҳарф нест,
Ҷуз дили испед ҳамчун барф нест.
Он чи ту дар ойина бинӣ аён,
Пир андар хишт бинад пеш аз он.

Пас аз зикру тараб сӯфиён сӯфии ҷаҳонгардро меҳмон карданду суфра андохтанд. Сӯфӣ, ки бар сари суфра нишаст, ба ёди хари худаш афтод, ки хаста буду ташнаю гурусна. Ба ходими хонақоҳ гуфт, ки ба ӯ обу ҷав бидиҳад ва ғамхорӣ кунад.
Ходим гуфт:
– Эй вой, албатта, медиҳам!
Сӯфӣ гуфт:
– Хари ман пир асту дандон надорад, ҷаверо, ки ба ӯ медиҳӣ, хуб тар кун!
Ходим гуфт:
– Эй вой, ҳеч неруе ҷуз ғайри Худованд нест!
Сӯфӣ гуфт:
– Пушти ӯ захм шуда, қадре рӯйи захмаш бигузор!
Ходим гуфт:
– Эй вой, ман беҳтар медонам! Мисли ӯ ҳазорон харҳоро бонӣ кардам.

пешина
аз 176
навбатӣ