Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

З-ин насақ мегуфт он шахси ҷуҳуд,
Бас ҷуҳуде, к-охираш маҳмуд буд.
Ҳеч кофирро ба хорӣ мангаред,
Ки мусалмон мурданаш бошад умед.
Чӣ хабар дорӣ зи хатми умри ӯ?
То бигардонӣ аз ӯ якбора рӯ.

Баъд навбати насронӣ расид. Ӯ ҳам гуфт, ки ҳазрати Исоро хоб дидааст ва бо ӯ то осмони чаҳорум боло рафта, шигифтиҳои фаровонро ба чашм дидааст.

Пас мусалмон гуфт: «Эй ёрони ман!
Пешам омад Мустафо, султони ман.
Пас маро гуфт, он яке бар Тур тохт
Бо калими Ҳаққу нарди ишқ бохт.
В-он дигарро Исии соҳибқирон
Бурд бар авҷи чаҳорум осмон.
Хез, эй пасмондаи дидазарар!
Боре он ҳалвою яхниро бих(в)ар».

Мусалмон гуфт:
– Муҳаммади Мустафоро хоб дидам, ки ба ман фармуд:
– Дӯстони ту яке бо Мӯсои Калим пайваст ва дигаре бо Исои Масеҳ дар Арши Худо ҳамроҳ шуд. Ту чаро бекор нишастаӣ? Бархезу ҳалворо бихӯр, зеро он ду нафар бо пайғамбарону фариштагон ҳамкосаанд ва ба орзуҳои худ расидаанд.
Ман ҳам ба фармони Пайғамбари Худо ҳалворо нӯши ҷон кардам.
Яҳудӣ ва насронӣ доду фарёд бардоштанду гуфтанд:
– Эй тамаъкори ҳарис, чӣ гуна ин корро кардӣ?
Мусалмон гуфт:
– Ту яҳудӣ, оё аз фармони Мӯсо (а) саркашӣ мекунӣ? Ё ту, эй марди насронӣ, метавонӣ нишондоди Исоро (а) ношунида бигирӣ?

Ту, ҷуҳуд! Аз амри Мӯсо сар кашӣ?
Гар бихонад дар хушӣ ё нох(в)ашӣ.
Ту, масеҳӣ! Ҳеч аз амри Масеҳ,
Сар тавонӣ тофт? Дар хайру қабеҳ.
Ман зи фахри анбиё сар чун кашам?
Хӯрдаам ҳалвову ин дам сарх(в)ашам».

Аз ҷавобҳои мусалмон он ду ҳайрон, гуфтанд:
– Ба Худо, хоби ростро ту дидӣ, чаро ки асараш дар бедорӣ ошкор аст. Асли кор хидмат кардан аст. Хӯйи хушу донишу чобукию ҳушёрӣ чӣ фоида дорад? Сомирӣ, ки аз тиллоҳо гӯсола сохт ё Қорун, ки ганҷҳои фаровон дошт, чӣ фоида бурданд? Ҳунар он аст, ки ба чашм битобад ва ба даст ламс шавад.

Пас, бигуфтандаш, ки валлаҳ хоби рост
Ту бидидӣ в-ин беҳ аз сад хоби мост.

ДОСТОНИ ШУТУР, ГОВ ВА ҚУЧ

Шутуру гову қуче* бо ҳам ба роҳе мерафтанд. Ба ҷое расиданд, ки як даста гиёҳ рӯйида буд. Қуч гуфт:
– Агар ин алафҳоро байни якдигар тақсим кардан хоҳем, кироӣ нест ва ба касе кифоя намекунад. Беҳтар аст ин алафҳоро якеамон бихӯрад, то сер шавад. Беҳтар аст муайян кунем, ки умри касе бештар аст, ҳамон алафро бихӯрад. Зеро гуфтаанд, ки як шиками сер аз даҳ шиками гурусна беҳ аст. Ба илова, пайғамбарамон супориш додаанд, ки пирону бузургонро эҳтироми сазовор кунем:

пешина
аз 176
навбатӣ