Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Он се ҷаҳонгард ҳам ҳангоми шаб ба корвонсарое расида, дар он ҷо монданд. Дар оғози шаб марди накӯкоре барои онҳо ҳалво ҳадя овард. Ду мард – насронӣ ва яҳудӣ, азбаски сер буданд, иштиҳои хӯрдан надоштанд, аммо марди мусалмон рӯза гирифта буд ва гурусна монда. Бинобар ин, мехост бо ҳалвохӯрӣ ифтор кунад. Ду нафари дигар гуфтанд, ки беҳтар аст ҳалворо барои фардо бигузорем.
Он ду кас гуфтанд: «Мо аз худ пурем,
Имшабаш бинҳему фардояш хурем.
Сабр гирем, имшаб аз хур тан занем,
Баҳри фардо лутро пинҳон кунем».
Гуфт мӯъмин: «Имшаб ин хӯрда шавад,
Сабрро бинҳем, то фардо бувад».
Мусалмон гуфт:
– Беҳтар аст, ки имшаб ҳалворо бихӯрем ва сабрро барои фардо нигоҳ дорем.
Он ду нафар гуфтанд:
– Нияти ту ин аст, ки ҳалворо танҳо бихӯрӣ?
Мусалмон пешниҳод кард, ки ҳалворо се тақсим кунанд. Ҳар кас хоҳад, ҳиссаи худро бихӯрад ва ҳар кӣ хоҳад, нигоҳ дорад:
Ҳар кӣ хоҳад, қисми худ бар ҷон занад,
Ҳар кӣ хоҳад, қисми худ пинҳон кунад.
Насронӣ ва яҳудӣ гуфтанд:
– Дар ҳадис аст, ки қисматкунанда аҳли дӯзах аст!
Мусалмон гуфт:
– Ин ҳадис мегӯяд, ки касе худро байни ҳавою ҳавас ва Худо тақсим кунад, аҳли оташ аст.
Қасди он ду нафар ин буд, ки ба хӯрдани ҳалво аз тарафи мусалмон роҳ надиҳанд, то ки мусалмони рӯзадор шабро бо гуруснагӣ ва азоб рӯз кунад:
Қасдашон он, к-он мусалмон ғам х(в)рад,
Шаб бар ӯ дар бенавоӣ бигзарад.
Оқибат марди мусалмон пешниҳоди онҳоро пазируфт ва ҳар се ба умед хобиданд. Вақте аз хоб бархестанд, ҳар як ба равиши боварии хеш ба ибодати Худованд пардохтанд. Он гоҳ бо хушнудӣ гирдиҳам нишастанд ва яке аз онҳо гуфт:
– Ҳар кас хоби дишаб дидаашро бигӯяд. Хоби ҳар касе, ки беҳтар бувад, ҳамон ҳалворо бихӯрад.
Ин сухан поён надорад, ҳар се ёр
Рӯ ба ҳам карданд он дам ёрвор.
Марди яҳудӣ гуфт:
– Хоб дидам, ки ҳамроҳи Мӯсо (а) ба кӯҳи Тур рафтем. Чун ба он расидем, ҳар се ғарқи нур шудем:
Гуфт: «Дар раҳ Мӯсиям омад ба пеш»,
Гурба бинад дунба андар хоби хеш.
«Дар пайи Мӯсо шудам то кӯҳи Тур,
Ҳарсемон гаштем нопайдо зи нур».
Кӯҳ шикофта шуда, се пора шуд. Яке ба сӯйи баҳри шӯр рафта ва оби он ширин шуд, пораи дигар дар замин фурӯ рафт ва чашмае баромад, ки оби он дармони дарди ҳар ранҷур буд. Пораи сеюм ба Каъба ва Арафот пайваст. Аз он руъё берун омадам, кӯҳ ба ҷойи худ буд. Лекин дар зери пойи Мӯсо (а) монанди ях меҷӯшид, то ин ки ба замин ҳамвор шуд ва зеру забар гардид. Пас аз он дидам, ки боз кӯҳ ва Мӯсо ба ҳоли нахуст даромаданд ва биёбон пур аз мардум аст ва ҳама дар шакли Мӯсо ҳастанду либосу асои ӯро бо худ доранд ва ба сӯйи Тур мераванд. Баъд чунон шуд, ки ҳамаи онҳо ба сурати худ баргаштанд, гӯё ки онҳо паёмбарони гузашта буданд. Ва ман донистам, ки паёмбарон ҳама як нафси воҳид ва монанди ҳам ҳастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор