Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Чанд муддат ҳар рӯз Абӯбакри Сиддиқ ӯро панд медод ва тавба мекунониду боз тавбаро мешикаст, то вақте ки аз худ бехуд шуд ва дар зери шиканҷаи марди яҳудӣ боз «Худо! Худо!» мегуфт, имонашро бар Пайғамбари акрам (с) ошкор месохт, аз чӯб хӯрдану захм дидан аз роҳи худ барнамегашт.
Абӯбакри Сиддиқ чун донист, ки Билол тан ба тавба намедиҳад ва аз имону эътиқоди худ боз намегардад, достони ӯро ба Паёмбари акрам (с) дар миён ниҳод ва гуфт:
– Марди яҳудӣ ӯро озори фаровон медиҳад. Яҳудӣ чун ҷуғз аст ва ҷони Билол чун боз, тан ба қазо намедиҳад ва зери бори пешниҳоди яҳудӣ таслим намешавад. Аммо ӯ ба панди касе гӯш намедиҳад. Саргаштаю шефтаи Худои якто ва ошиқу дилдодаи Пайғамбари Ӯст.
Муҳаммад (с) аз шунидани саргузашти Билол ва неруи имони ӯ шодмон шуда, аз Абӯбакри Сиддиқ пурсид, ки барои халосии ӯ чӣ бояд кард?
Абӯбакр гуфт:
– Агар иҷозат бидиҳӣ, ӯро аз соҳибаш бихарам ва озод кунам.
Расули акрам (с) гуфт:
– Фикри хубест, аммо дар ин кор маро ҳам шарики худ кун ва ними баҳои ӯро аз ман бигир.
Абӯбакри Сиддиқ пазируфт ва ба хонаи марди яҳудӣ рафт, то Билолро аз ӯ бихарад ва аз шиканҷа бираҳонад. Пайғамбар гуфт:
– Марди яҳудӣ намедонад, ки қадру арзиши ин ғулом назди Худованд аз ҳазорон гавҳар бештар аст.
Абӯбакр марди яҳудиро сарзаниш кард, ки ин ғуломи бечораро чаро озор медиҳӣ?
Гуфт:
– Ӯ ба дини ман бовар надорад. Агар дили ту ба ӯ месӯзад, онро аз ман бихар:

Гуфт: Раҳмат гар ҳамеояд бар ӯ,
Зар бидеҳ, бистонаш, эй икромхӯ.

Абӯбакр гуфт:
– Ман ғуломи хушгили сафедрӯе дорам, ки ӯ ҳам монанди ту яҳудӣ аст. Ӯро ба ту медиҳам ва ба ҷояш Билолро ба ман бидеҳ!
Баъд кас фиристода, ғуломро оварданд. Марди яҳудӣ аз дидани ӯ дар шигифт шуд.
Абӯбакр гуфт:

Тан сапеду дил сиёҳ асташ, бигир,
Дар иваз деҳ тансиёҳи дилмунир!

Бо вуҷуди ин, яҳудӣ ба муомила тан надод, чунки иштиёқи Абӯбакри Сиддиқро ба харидани Билол (р) дарёфта буд. Оқибат Абӯбакр дусад дирҳам нуқра ҳам илова бар ӯ дод ва Билолро харид. Чун муомила поён ёфт, яҳудӣ аз шодӣ ба ханда афтод. Абӯбакр сабаби шодии ӯро пурсид. Яҳудӣ гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ