Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Марди ҳарисро чашми дил кӯр аст ва бо чашми сар ҳам неъматҳои Худоро намебинад. Монанди мӯре, ки дар пайи дона ларзон аст ва гандумҳои хирманкардаро намебинад.

Эй ба сурат зарра, кайвонро бибин,
Мури лангӣ, рав Сулаймонро бибин.
Ту найӣ он ҷисм, ту он дидаӣ,
Вораҳӣ аз ҷисм, гар ҷон дидаӣ.

Чашми зоҳир камбин мешавад ва моҳи ягонаи осмонро дуто мебинад.

Ин дуӣ авсофи диди аҳвал аст,
В-арна аввал охир, охир аввал аст.

Ва аз хилқату растохез ошкор мешавад, ки то намирӣ, ба он намерасӣ.
Касе, ки пул надорад, ба бозор меомад, чизҳоро тамошо мекард, тагурӯ мекард, вале намехарид.
Сармояи ин ҷаҳон зар аст ва сармояи он ҷаҳон ишқ:

Моя дар бозори ин дунё зар аст,
Моя он ҷо ишқу ду чашми тар аст.
Ҳар кӣ ӯ бемояи бозор рафт,
Умр рафту бозгашт ӯ хомтафт.
«Ҳай, куҷо будӣ бародар?» «Ҳеч ҷо!»
«Ҳай, чӣ пухтӣ баҳри хӯрдан?» «Ҳеҷбо!»
Муштарӣ шав, то биҷунбад дасти ман,
Лаъл зояд маъдани обасти ман.
Муштарӣ гарчӣ, ки сусту борид аст,
Даъвати дин кун, ки даъват ворид аст.
Боз паррон кун, ҳимоми рӯҳ гир,
Дар раҳи даъват тариқи Нӯҳ гир!
Хидмате мекун барои Кирдгор,
Бо қабулу радди халқонат чӣ кор?

ДОСТОНИ БИЛОЛИ ҲАБАШӢ ВА АБӮБАКРИ СИДДИҚ

Тан фидои хор мекард он Билол,
Хоҷааш мезад барои гӯшмол.

Билоли ҳабашӣ бандаю ғуломи як яҳудӣ буд. Ӯ ба дини ислом гаравида буд, аммо чун ғулом буд, эътиқоди худро наметавонист озодона бигӯяд. Хоҷааш, ки ба сирри ӯ пай бурда буд, танашро бо чӯби хордор зери офтоби сӯзон мезаду лахт-лахт мекард, ки чаро дини хоҷаашро рад кардаю дини Муҳаммадро қабул кардааст.
Рӯзе Абӯбакри Сиддиқ он сӯ гузашт ва нолаю фарёди Билолро шунид. Аз овози ягонапарастии ӯ бӯйи ошно ёфт. Назди вай рафт ва пинҳонӣ аз хоҷа насиҳаташ кард, ки сирри худ ва исломи худро нигоҳ дорад. Пандаш дод ва ӯ розӣ шуд, ки аз эътиқоду бовари худ ба касе чизе намегӯяд. Лат хӯрдану нолидани ӯ боз рӯзи дигар ба гӯши Абӯбакр расид:

Боз пандаш дод, боз ӯ тавба кард,
Ишқ омад, тавбаи ӯро бих(в)ард.
Тавба кардан з-ин намат бисёр шуд,
Оқибат аз тавба ӯ безор шуд.
Фош кард, испурд танро дар бало,
К-эй Муҳаммад, эй адувви тавбаҳо!
Эй тани ман в-эй раги ман пур зи ту,
Тавбаро ғунҷо куҷо бошад дар ӯ?
Тавбаро з-ин пас зи дил берун кунам,
Аз ҳаёти хулд тавба чун кунам?
Ишқ қаҳҳор асту ман мақҳури ишқ,
Чун шакар ширин шудам аз шӯри ишқ.
Барги коҳам пеши ту, эй тундбод!
Ман чӣ донам, ки куҷо хоҳам фитод?

пешина
аз 176
навбатӣ