Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Роҳиб гуфт:
– Инсонро ҷустуҷӯ дорам.
Он мард гуфт:
– Дар ин бозор инсонҳо бисёранд. Магар чашми ту намебинад?
Гуфт:
– Ман дар пайи марде ҳастам, ки дар сар асари хашм ва ҳоҷату шаҳват надошта бошад:

Вақти хашму вақти шаҳват мард ку?
Толиби марде равонам кӯ ба кӯ!
Ку дар ин ду ҳол марде дар ҷаҳон?
То фидои ӯ кунам имрӯз ҷон.

Яъне, мардеро меҷӯям, ки хашми худро фурӯ барад ва дар гармогармии таманно аз шаҳват худро нигоҳ дорад.

Гуфт: «Нодир чиз меҷӯйӣ, валек
Ғофил аз ҳукму қазоӣ, бин ту нек.
Нозири фаръӣ, зи асле бехабар,
Фаръ моем, асл аҳкоми қадар».
Чархи гардонро қазо гумраҳ кунад,
Сад Уторидро қазо аблаҳ кунад.
Танг гардонад ҷаҳони чораро,
Об гардонад ҳадиду хораро.

Он шахс гуфт:
– Ту дар ҷустани чизи камёбе ҳастӣ. Он ҳам дар ин ҷаҳоне, ки ҳукми қазову қадар равони он аст. Ту гардиши санги осиёро мебинӣ, аммо аз об, ки гардонандаи он аст, ғофилӣ. Гарду чангро дар ҳаво менигарӣ, вале бодро нодида мегузарӣ!

Эй қароре дода раҳро гом-гом,
Хоми хомӣ, хоми хомӣ, хоми хом.
Чун бидидӣ гардиши сангосиё,
Оби ҷӯро ҳам бибин охир, биё.
Хокро дидӣ, баромад дар ҳаво?
Дар миёни хок бингар бодро.
Дегҳои фикр мебинӣ ба ҷӯш?
Андар оташ ҳам назар мекун ба ҳуш.

Худованд ба пайғамбар Айюб (а) фармуд, ки аз роҳи бахшандагӣ ва бузурговарӣ ба андозаи ҳар мӯйи сарат ба ту сабре додаам.

Ҳин, ба сабри худ макун чандин назар,
Сабр дидӣ? Сабр доданро нигар.

Ту гумон мекунӣ, ки ҳама чизро медонӣ, аммо дурусту бодиққат диданро нишонаҳое ҳаст:

Он ки кафҳо дид, бошад дар шумор,
В-он ки дарё дид, шуд беихтиёр.
Он ки кафҳо дид, дар гардиш бувад,
В-он ки дарё дид, ӯ бе ғиш бувад.

Гардиши кафи рӯйи обҳо дидӣ, аммо дарёро надидаӣ. Нишонаи дарё дидан ҳайрат аст. Он ки кафро мебинад, асрорро мебинад ва он ки дарёро дид, ҳайрону беихтиёр мешавад. Ҳар ки кафе аз дарёро дид, ҳанӯз саргардон ва дар роҳ аст. Он ки дарёро дид, ба поёни роҳ мерасад, аз нигаронию ташвиш раҳо мешавад.
Мавлавӣ дар ашъори дигараш низ дар ин маврид барҳақ фармуда:

Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами дастонам орзуст.
Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо
Гуфт: он ки ёфт менашавад, онам орзуст…

пешина
аз 176
навбатӣ