Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Гар ботини одамӣ софу нияташ пок бошад ва хидмати Худову халқашро пеша кунад, ба чунин мақому мартабае хоҳад расид, ки хок дар дасташ зар шуда, аз замири хоҳишманд бе гуфтори ӯ хабардор мешавад.
Шайх бо муриде ба як шаҳр сафар мекунад, ки дар он ҷо нон камёб буд. Дар аснои сафар мурид аз фикри гуруснагӣ ва набудани нон намеосуд ва мушавваш буд, ки агар нон пайдо накунанд, чӣ бояд кард. Шайх хаёли ӯро донист ва ба ӯ гуфт:

Аз барои ғуссаи нон сӯхтӣ,
Дидаи сабру таваккул дӯхтӣ!

Гуруснагӣ озмоиш ва рӯзӣ хосони Худост. Рӯзии ҳар кас дар вақташ мерасад. Бояд сабр ва таваккул дошт.
Шунидаам, ки дар ҷаҳон ҷазираи сарсабзе пур аз сабзаву гиёҳ ҳаст ва дар он танҳо як гов зиндагӣ мекунад. Ҳар рӯз аз бомдод то шом ҳамон сабзазорро мечараду бегоҳӣ аз фарбеҳӣ маҷоли ҷунбидан надорад. Аммо ҳангоми шаб аз тарси он ки фардо чизе барои хӯрдан нахоҳад дошт, гӯшти ӯ мерезад ва то бомдод лоғару заиф мешавад, ҳол ин ки боз то субҳ сабзаҳо мисли дирӯза баланд мешаванд. Солҳост, ки кори гов ҳамин аст, вале доим ба ғами фардо гирифтор аст. Ҳеҷ наметавонад ба дирӯзу имрӯзи худ андеша кунад, ки хӯроки ӯ ҳар рӯз мавҷуд аст:

Ҳеч нандешад, ки чандин сол ман
Мехӯрам з-ин сабзазору з-ин чаман.
Ҳеч рӯзе кам наёмад рӯзиям,
Чист ин тарсу ғаму дилсӯзиям?
Боз чун шаб мешавад, он гови зафт
Мешавад лоғар, ки «оваҳ, ризқ рафт».

Нафси одамӣ чун ин гов аст ва ин ҷаҳон сабзазори ӯст. Ҳар рӯз нону оби ӯ ато мешавад, вале дар ғами фардо асту дар ғуссаи нонпайдокунӣ, ки чӣ гуна ва аз куҷо пайдо кунад:

Нафс он гов асту он дашт ин ҷаҳон,
К-ӯ ҳаме лоғар шавад аз хавфи нон,
Ки чӣ хоҳам хӯрд мустақбал? Аҷаб!
Лути фардо аз куҷо созам талаб?
Солҳо хӯрдиву кам н-омад зи х(в)ар,
Тарси мустақбал куну мозӣ нигар.
Луту пути хӯрдаро ҳам ёд ор,
Мангар андар ғобиру кам бош зор.

ДОСТОНИ РОҲИБЕ, КИ РӮЗОНА БО ЧАРОҒ ИНСОНРО ҶУСТУҶӮ ДОШТ

Дунёбезоре рӯзона бо шамъ дар бозори шаҳр мегашт ва бо ишқу сӯзи дил ба ҳар сӯй нигоҳ мекард, гӯё чизеро ҷустуҷӯ дошт. Марде ба ӯ гуфт:
– Эй мард! Дар пайи чӣ мегардӣ? Он ҳам бо рӯшноии рӯз. Ба равшании шамъ чӣ ниёз дорӣ?

пешина
аз 176
навбатӣ