Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Харе мегуфт:
– Ин оҳу табъи шоҳон дорад. Хари дигаре ба масхарагӣ: «На ӯ гавҳар овардааст ва ба мо ноз мефурӯшад» илова мекард.

В-он харе гуфто, ки бо ин нозукӣ
Бар сарири шоҳ шав ту муттакӣ.

Як хар ба таъна ба ӯ гуфт:
– Медонам, ки ноз мекунӣ ё хиҷолат мекашӣ, вагарна бо мо ҳамғизо мешудӣ.
Оҳу гуфт:
– Эй харон, магар намедонед, ки ман дар марғзорҳо озодона мечаридам ва аз гулу сабзаҳои саҳроӣ мехӯрдам. Ман бо ин ҳавои бастаи тавила ва коҳи хушк ошноию созиш надорам.

Гар гадо гаштам, гадорӯ кай шавам,
В-ар либосам куҳна гардад, ман навам.

Харе гуфт:
– Камтар лоф бизан. Аз мо чӣ фарқ дорӣ?

Гуфт: «Оре, лоф мезан, лофи лоф,
Дар ғарибӣ бас тавон гуфтан газоф».
Гуфт: «Нофам худ гувоҳӣ медиҳад,
Миннате бар уду анбар мениҳад».

Оҳу гуфт:
– Эй хар, магар намебинӣ, ки аз нофи ман бӯйи мушк меояд? Аммо чӣ фоида, ки ту ва ҳамҷинсонат ба бӯйи саргин одат кардаед ва аз бӯйи мушку гулоб хабаре надоред. Барои ҳамин аст намедонед, ки аз ҳамнишинӣ бо шумо чӣ андоза ранҷ мебарам. Гуфтугӯйи ман бо шумо бефоида аст ва ман ба танҳоӣ бо дарди худ бояд бисозам.

ДОСТОНИ ОШИҚУ МАЪШУҚ

Он яке ошиқ ба пеши ёри худ
Мешумурд аз хидмату аз кори худ.

Ошиқе пеши маҳбуби худ хидматҳо ва ҷонфишониҳои худро бармешумурд. Мегуфт:
– Дар роҳи ишқи ту ранҷҳо бурдам, тирҳо хӯрдам ва озорҳо дидам:

Мол рафту зӯр рафту ном рафт,
Бар ман аз ишқат басе ноком рафт.
Он чӣ ӯ нӯшида буд аз талху дард,
Ӯ ба тафсилаш якояк мешумард.

Ӯ дардисарҳо ва гирифториҳои ошиқиро бозмегуфт, на барои ин ки бар маъшуқи худ миннат бигузорад, балки барои сидқи даъвои худ шоҳид меовард.

Оқилонро як ишорат бас бувад,
Ошиқонро ташнагӣ з-он кай равад?
Оташе будаш, намедонист чист,
Лек чун шамъ аз тафи он мегирист.
К-он чӣ асли ишқ асту валост,
Он накардӣ, он чӣ кардӣ, фаръҳост.

Маъшуқ дарди дили ӯро шунид. Он гоҳ гуфт:
– Ҳар чӣ мегӯйӣ дуруст аст. Дар роҳи ман ранҷҳо дидӣ ва сахтиҳо кашидӣ. Аммо дар роҳи ишқу муҳаббат инҳо асл нест, балки фаръ аст.

Гуфт он ошиқ: «Бигӯ, он асл чист?»
Гуфт: «Аслаш мурдан асту ошиқист».

Ошиқ гуфт:

пешина
аз 176
навбатӣ