Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Оре, рӯҳи одамӣ, ки дар қафаси тан гирифтор аст, ҳоли касеро дорад, ки бо ғайри ҷинси худ маҷбур ба ҳамнишинию ҳамхонагӣ аст.

З-ин бадан андар азобӣ, эй башар,
Мурғи рӯҳат баста бо ҷинсе дигар.
Рӯҳ боз асту табоеъ зоғҳо,
Дорад аз зоғону ҷуғдон доғҳо.

Худованд фармудааст:
– Ман ба зоҳири шумо наменигарам, балки бо дили шумо кор дорам. Дил хазинаи хубиҳову палидиҳо ва зебоию зиштиҳост. Муҳаммад Хоразмшоҳ ҳангоме ки шаҳри Сабзаворро гирифт, дастур дод, ки мардуми он шаҳрро бикушанд. Сабзавориҳо ҳамаи молу дороии худро пешкаш карданд ва аз шоҳ амон хостанд. Ӯ гуфт, ки ман фиреби шуморо намехӯрам ва сарвату дороии шуморо намехоҳам. Танҳо шарти кушта нашудани шумо ин аст, ки дар ин шаҳр касеро пеши ман биёваред, ки номаш Абӯбакр бошад.
Дар он шаҳр ҳама шиъа буданду душмани Абӯбакр. Ҳама аз тарси ҷон ба ҷустуҷӯ пардохтанд, то дар харобае марди бемореро ба номи Абӯбакр пайдо карданд.

Хуфта буд ӯ дар яке кунҷе хароб,
Чун бидидандаш, бигуфтандаш: «Шитоб,
Хез, ки султон туро толиб шудаст,
К-аз ту хоҳад шаҳри мо аз қатл раст».

Марди бемор гуфт:
– Ман аз нохушӣ дар ин ҷо мондаам. Ин шаҳр пур аз душман аст ва ман ҳеҷ ёре надорам. Касе дастгири ман дар ин шаҳр нест. Агар ҳолам хуб мебуд, ҳаргиз дермон намекардам ва аз ин ҷо мегурехтам.

Гуфт: «Агар поям будӣ ё мақдаме,
Худ ба роҳи худ ба мақсад рафтаме.
Андар ин душманкада кай мондаме?
Сӯйи шаҳри дӯстон мерондаме».

Аммо мардум гӯш ба нолаву зории ӯ надоданд ва марди беморро рӯйи тахта гузоштанду пеши султон бурданд, то аз марги ҳатмӣ раҳоӣ ёбанд.
Ин ҷаҳон барои аҳли дил монанди шаҳри Сабзавор барои Абӯбакр аст. Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ дар мисоли ҷойи Худост, ки аҳли дилро меҷӯяд ва интихоб мекунад ва мехоҳад мардумро ба роҳи рост бикашонад, то ҳамагӣ ба дил бипардозанд:

Ман зи соҳибдил кунам бар ту назар,
На ба нақши саҷдаву исори зар.
Ту дили худро чу дил пиндоштӣ,
Ҷустуҷӯйи аҳли дил бигзоштӣ.
Он диле овар, ки қутби олам ӯст,
Ҷони ҷони ҷони ҷони одам ӯст.

Ҳоло ба суроғи бачаи оҳу дар тавилаи харон биравем. Чанд рӯз он оҳубарра бетобу нигарон буд.

пешина
аз 176
навбатӣ