Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Дар ин шакку шубҳа буд, ки хоб ӯро даррабурд ва дар гӯшае ба хоб рафт. Ҳамон лаҳза рӯҳи ӯ ба фармони Худованд аз танаш берун рафту пас аз сад сол зинда шуду ба сӯйи шаҳри худ ба роҳ афтод. Пешопеш ба ду писараш хабар дод, ки ҳамин рӯзҳо хоҳад расид. Ду писараш, ки ҳамин хабарро дарёфт карданд, барои пешвози падар равон шуданд. Дар роҳ ба касе мерасиданд, ҳоли ӯро мепурсиданд, то ин ки ба ҷавоне бархӯрданд ва суроғи Узайрро гирифтанд. Ӯ гуфт, ки Узайрро дидааст ва пас аз ӯ хоҳад расид.
Гуфт: «Оре, баъди ман хоҳад расид»,
Он яке хуш шуд, чу ин мужда шунид.
Бонг мезад, к-эй мубашшир, бош шод
В-он дигар бишнохт, беҳуш уфтод.
Он писарҳо ҳарду пирамард шуда буданд ва падарашон ҷавон менамуд. Яке ӯро нашинохт ва надонист, ки аз худи падар суроғи падарро гирифтааст. Аммо дигарӣ, ки дилаш бо падар яке буд ва ошиқи ӯ буд, ба ҳис дарёфт ва аз шодӣ беҳуш гардид. Он ки дучори ваҳм буд, муждаро шунид ва он ки дилаш ба ишқ ошно буд, матлубро ба чашм дид. Пеши чашму ваҳм пардае кашида шуда, чашми ошиқ ҳама чизро мебинад:
З-он ки ошиқ дар дами нақд аст маст,
Лоҷарам аз куфру имон бартар аст.
Куфру имон ҳарду худ дарбони ӯст,
К-ӯст мағзу куфру дин ӯро ду пӯст.
Куфр қишри хушки рӯпартофта,
Боз имон қишри лаззатёфта.
Қишрҳои хушкро ҷо оташ аст,
Қишри пайваста ба мағзи ҷон х(в)аш аст.
Дархури ақли авом ин гуфта шуд,
Аз сухан боқии он бинҳуфта шуд.
ДОСТОНИ ХАЧИР ВА ШУТУР
Уштуреро дид рӯзе астаре,
Чунки бо ӯ ҷамъ шуд дар охуре.
Гуфт: «Ман бисёр меафтам ба рӯ
Дар ғирева-в роҳу дар бозору кӯ.
Кам ҳамеафтӣ ту дар рӯ, баҳри чист?
Ё магар худ ҷони покат давлатест?
Хачире бо шутуре ҳамохур шуданд. Хачир ба шутур гуфт:
– Чӣ гуна аст, ки ман дар роҳ рафтан бисёр ба рӯ меафтам ва ҳар қадам, ки бармедорам, ба афтодан наздикам. Аммо ту бе мушкилӣ роҳ меравӣ ва бо он ҳайкали дурушту пойи баланд дучори чунин хатаре намешавӣ?
Гуфт: «Гарчи ҳар саодат аз Худост,
Дар миёни мову ту бас фарқҳост».
Нахуст ин ки ман бо гардани баланд ду чашми бино дорам:
Сарбаландам ман, ду чашми ман баланд,
Биниши олӣ амон аст аз газанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор