Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Мавлавӣ мегӯяд:
– Шоҳзода фарзанди одамист, ки дар ҷаҳон ҷонишини Худост, монанди падараш ҳазрати Одам (а), ки фариштагон ба дастури Худои меҳрубон ӯро саҷда мекарданд ва Худованд Одамро дар замин ҷонишини худ қарор дода, ки бо фармонбарию доноӣ, донишҷӯйию парҳезкорӣ ва ҷустуҷӯгарӣ рози хилқатро дарёбад. Он пиразани ҷоду дунё ва мулку моли дунёст, ки дилбастагӣ ба он ҳушу ақлу хушбахтиро аз одамӣ мегирад ва паёмбарон ҳамон донои худопараст ҳастанд, ки табиби дилу ҷони одамиёнанд.
Агар одамӣ ҳар чӣ пеш ояд, аз Худованд донад ва ба ӯ такя кунаду чашм ба дасти дигарон надошта бошад ва бо кору кӯшиш ва ба даст овардани дониш бипардозад, аз ҳеҷ чиз ҳарос нахоҳад дошт ва пайваста шодмон хоҳад монд. Ҳамчунон ки зоҳиде ҳангоми қаҳтӣ, ки халқ парешону нолон буданд, чеҳраи шодон дошт. Мардум ба ӯ мегуфтанд: «Чӣ ҷойи шодӣ аст?»
Раҳмат аз мо чашмҳо бардӯхтаст,
З-офтоби тез саҳро сӯхтаст.
Кишту боғу раз сияҳ истодааст,
Дар замин нам нест, на боло, на паст.
Халқ мемиранд з-ин қаҳту азоб
Даҳ-даҳу сад-сад чу моҳӣ дур аз об.
Зоҳид гуфт:
– Ҳар чӣ мерасад, аз Худои тавоно мерасад. Гиря ва ханда аз ғами худпарастии мост. Ман аз ӯ ғайр аз хубию некӣ чизе намебинам. Дар ин бало ҳам ҳикмате ҳасту озмоише барои мардум.
Ёри Фиръавни танед, эй қавми дун!
З-он намояд мар шуморо Нил хун.
Ёри Мӯсои хирад гардед зуд
То намонад хуну бинед оби рӯд.
Кулли олам сурати ақли кулл аст. Ҳар кӣ бо он ситеза кунад, ҳар чӣ пеш оядаш бад аст ва ҳар кӣ ин нуктаро дарёбад, ҳар чӣ мебинад гулистон аст.
Ҳар замон нав суратеву нав ҷамол,
То зи нав дидан фурӯ мирад малол.
Ман ҳамебинам ҷаҳонро пурнаим,
Обҳо аз чашмаҳо ҷӯшон муқим.
Бонги обаш мерасад дар гӯши ман,
Маст мегардад замиру ҳуши ман.
Аз ҳазорон менагӯям ман яке,
З-он ки огандаст ҳар гӯш аз шаке.
ДОСТОНИ УЗАЙРИ ПАЁМБАР ВА ДУ ФАРЗАНДАШ
Узайри паёмбар, ҳангоме ки аз зиндони подшоҳи Бобул раҳоӣ ёфта буд, ба сӯйи шаҳри худ мерафт, дар роҳ ба ҷое расид, ки устухонҳои мурда фаровон рехта буд. Пеши худ гуфт:
– Чӣ гуна ин устухонҳо дубора зинда шуда ва ба сурати нахустин дармеоянд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор