Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

К-ин ҳуруфи восита, эй ёри ғор,
Пеши восил хор бошад, хор, хор.

Ман низ монанди ҳазрати Иброҳим (а) ҳар чӣ мехостаам, аз шоҳ хостаам ва акнун ки шоҳ маслиҳатро дар куштани ман медонад, сар ба фармони ӯ дорам. Вазир васила шуд, ки иродаи шоҳ амалӣ нашуд. Табъан ман, ки фармонбардори ӯ ҳастам, наметавонам аз вазир хушнуд бошам. Чун шарти бандагӣ ризо додан ба фармону ирода ба соҳибихтиёр аст, ки дар мавриди ман соҳибаш шоҳ аст. Ман медонам, ҳар чӣ шоҳ бикунад, дуруст аст, монанди Иброҳим (а), ки медонист ҳар чӣ пеш ояд, хости Худованду айни савоб аст, чун Парвардигор доност ва аз ӯ кори нодурусте сар намезанад.

Гар ҳакиме нест, ин тартиб чист?
В-ар ҳакиме ҳаст, чун феълаш тиҳист?
Кас насозад нақши гармоба-в хазоб
Ҷуз пайи қасди савобу носавоб.

ДОСТОНИ ПОДШОҲ ВА ШОҲЗОДА

Подшоҳе дошт як барно писар,
Ботину зоҳир музайян аз ҳунар.

Подшоҳе писари ҷавону зебое дошт. Як шаб хоб дид, ки писараш ногаҳонӣ мурдааст. Шоҳ чунон ошуфта шуд, ки саросема аз хоб парид:

Хоб дид ӯ, к-он писар ногаҳ бимурд,
Софии олам бар он шаҳ гашт дурд.
Хушк шуд аз тоби оташ машки ӯ,
Ки намонд аз таффи оташ ашки ӯ.
Ончунон пур шуд зи дуду дард шоҳ,
Ки намеёбид дар вай роҳ оҳ.
Хост мурдан, қолибаш бекор шуд,
Умр монда буд, шаҳ бедор шуд.

Аз хоб, ки бедор шуд, ошуфтагии ӯ фурӯ нишаст, чун медонист агар касеро дар хоб мурда бибинанд, таъбираш ин аст, ки умри ӯ зиёд аст ва ба ин ҷиҳат нороҳатии ӯ ба шодӣ мубаддал шуд. Аммо ба зудӣ ба фикр фурӯ рафт, ки поёни ҳама кас марг аст ва беҳтар аст барои писари худ арӯсе кунад, то насли ӯ боқӣ бимонад ва агар хоб рост баромад, касе бошад, ки номи ӯро зинда нигаҳ дорад.
Шоҳ, ки марди хубе буд, бар он шуд, ки аз хонаводаи некӯкору худопараст ва мардумдӯст духтареро барои писараш баргузинад. Вале ҳамсари шоҳ гуфт:
– Ҳамсари писари ман бояд монанди худи ӯ шаҳзода бошад. Зани нодору фақир ба дарди ҳамсарии шоҳон намехӯрад. Шоҳ гуфт:
– Хонаводаи ҳамсар бояд диндору дурусткор бошад. Духтари чунин мардуме шоистаи писари мо хоҳад буд. Мардуми некӯкор агар нодоранд, на аз ин ҷиҳат аст, ки гадозодаанд, балки барои ин аст, ки тамаъ ба моли дигарон надоранд ва донишро бар дороӣ бартарӣ медиҳанд. Парҳезкору қонеанд. Ҳар чӣ шаҳбону хост шоҳро аз хаёлаш баргардонад, муваффақ нашуд. Шоҳ аз хонадони парҳезкори некхоҳе духтаре, ки дар ҷамоли камолу хушрӯйӣ ҳамто надошт, пайдо кард ва барои писари худ хостгорӣ намуд.

пешина
аз 176
навбатӣ