Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Шоҳ шамшери худро ба ғилоф андохту гуфт:
Чунки омад пойи ту андар миён,
Розиам, гар кард муҷрим сад зиён.
Шоҳ боз гуфт:
– Ба хотири қадру манзалате, ки пеши ман дорӣ ва дурустию амонате, ки дар хидмат ба ман нишон додӣ, наметавонам бо ҳамаи хашму ғазабе, ки нисбат ба надим пайдо кардаам, ӯро ҷазо диҳам. Аз ин ҷиҳат ӯро ба ту бахшидам ва аз сари гуноҳи ӯ даргузаштам, вагарна:
Гар замину осмон бар ҳам задӣ,
З-интиқом ин мард берун н-омадӣ.
В-ар шудӣ зарра ба зарра лобагар,
Ӯ набурдӣ ин замон аз теғ сар.
Аммо он надим ба ҷойи ин ки аз вазир хушнуд бошад, ки ӯро аз хашми шоҳ раҳонида, аз марг наҷот додааст, аз вазир озурдахотир шуд, ки чаро шафоати ӯро карда ва нагузорида, ки шоҳ ӯро ҷазо диҳад.
Божгуна рафту безорӣ гирифт,
Бо чунин дилдор киндорӣ гирифт.
З-ин шафеи хештан бегона шуд,
З-ин тааҷҷуб халқ дар афсона шуд.
Ки на маҷнун аст, ёрӣ чун бурид,
Аз касе, ки ҷони ӯро вохарид.
Ҳамаи мардум аз ин дар шигифт шуданд, ки чӣ гуна одамӣ аз касе, ки сабаби наҷоти ӯ шудааст, меранҷад, магар ин ки девона шуда бошад. То ин ки як рӯз дӯсте ба он надим сарзаниш кард, ки расми инсонӣ нест, ки аз наҷотдиҳандаи худ биранҷад ва шукри меҳрубонии ӯро ба ҷо наёварад. Ҳама мардум туро барои ин рафторат девона медонанд.
Он мард гуфт:
– Буридани дӯстӣ байни ману он вазир барои ин аст, ки чаро монеи куштани ман ба дасти шоҳ шуд:
Ман нахоҳам раҳмате ҷуз захми шоҳ,
Ман нахоҳам ғайри он шаҳро паноҳ.
Ғайри шаҳро баҳри он «ло» кардаам,
Ки ба сӯйи шаҳ тавалло кардаам.
Гар бибуррад ӯ ба қаҳри худ сарам,
Шоҳ бахшад шаст ҷони дигарам.
Кори ман сарбозиву бехешӣ аст,
Кори шоҳаншоҳи ман сарбахшӣ аст.
Ман дар баробари подшоҳи худ ҳоҷат ба воситаву шафеъ надорам ва ба қадре сарсупурдаю ҷонфидои ӯ ҳастам, ки агар ба ростӣ маро мекушт, ба фармони ӯ будам. Магар нашунидӣ, ки ҳангоми ба оташ андохтани Иброҳим паёмбар (а) Ҷабраили фариштаи хоси Худо назди ӯ омаду гуфт:
– Омодаи фармони туам. Чӣ мехоҳӣ, то барои ту анҷом диҳам?
Иброҳим (а), ки дар ҳаво ба оташ афтодан дошт, гуфт:
– Ман ниёзе ба ту надорам ва агар ҳам дошта бошам, аз Худовандам металабам ва муҳтоҷи восита нестам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор