Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа
Моҳии доно бо дурандешӣ худро аз хатар раҳонд ва ба дарё расид.
Он гоҳ шикорчиён бо дом омаданд ва беш аз ду моҳӣ надиданд. Аммо моҳии нимоқил, ки хатарро дарёфт, пушаймон шуд, ки чаро бо ёри худ аз ин гирдоб нагурехт ва худро сарзаниш кард:
Бар гузашта ҳасрат овардан хатост,
Боз н-ояд рафта, ёди он ҳабост.
Аммо чун медонист пушаймонӣ суде надорад, ба фикри чора афтод ва бар он шуд, ки худро ба мурдагӣ занад, балки аз дасти шикорчиҳо роҳи фироре пайдо кунад:
Мурда гардам, хеш биспорам ба об,
Марги пеш аз марг амн аст аз азоб.
Пас худро ба мурда заду нафасро дар сина ҳабс карду ба рӯйи об баромад. Яке аз шикорчиён ӯро дид ва афсӯс хӯрд, ки моҳӣ мурдааст. Аммо барои эҳтиёт ӯро гирифт. Вале моҳӣ вайро фиреб доду ҳамчунон беҳаракат монд, то сайёд бовар кард, ки мурдааст. Ӯро ба замин гузошт. Моҳӣ бо чобукӣ худро ба ҷӯйи об расонид ва аз хатар раҳид.
Вале моҳии севумӣ, ки нодон буд, аз тарси ҷон, аз ин сӯ ба он сӯ шино мекард, ба ҳар тараф рӯй меовард. Роҳи гурез пайдо намекард ва оқибат дар дом гирифтор шуд.
Дом афканданду ӯ дар дом монд,
Аҳмақӣ ӯро дар он оташ нишонд.
Бар сари оташ, ба пушти тобае,
Бо ҳамоқат гашт ӯ ҳамхобае.
Ӯро гирифтанд ва ҳангоме ки рӯйи тоба кабоб мешуд, меҷӯшиду мегуфт:
– Агар аз ин бало бираҳам, ин бор худро ба дарё хоҳам расонд ва дар амну амон зиндагӣ хоҳам кард.
Оби беҳад ҷӯяму омин шавам,
То абад дар амну сиҳҳат меравам.
Ақл мегуфташ: «Ҳамоқат бо ту аст,
Бо ҳамоқат аҳдро ояд шикаст.
Чунки ақлат нест, нисён мири туст,
Душману ботилкунӣ тадбири туст.
ДОСТОНИ МУРҒИ ГИРИФТОРУ ПАНДИ Ӯ БА ШИКОРЧӢ
Мурғи доное дар доми шикорчӣ гирифтор шуд. Барои озодии худ тадбире карду ба шикорчӣ гуфт:
– Ту шикорчии бузурге ҳастӣ. Оҳую гавазну гов шикор карда хӯрдаӣ. Аз мани ночиз даргузар, то се панд ба ту бидиҳам, ки ту хушбахт гардӣ:
Ҳил маро, то ки се пандат бардиҳам,
То бидонӣ зиракам ё аблаҳам?
Аввали он панд ҳам дар дасти ту,
Сонияш бар боми каҳгилбасти ту.
В-он савум пандат диҳам ман бар дарахт,
Ки аз ин се панд гардӣ некбахт.
Панди нахустро ҳамин ҳоло, ки дар дасти ту гирифторам, медиҳам, дуюмиро бар сари девор ва сеюмиро ҳангоме ки ба дарахт нишастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор