Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Рӯз гашту он муридон коста,
Навҳаҳо аз хонашон бархоста.
Пеши ӯ омад ҳазорон марду зан,
К-эй ду олам дарҷ дар як пераҳан.
Ин тани ту гар тани мардум будӣ,
Чун тани мардум зи ханҷар гум шудӣ.
Бохуде бо бехуде дучор зад,
Бо худ андар дидаи худ хор зад.
Эй зада бар бехудон ту зулфиқор!
Бар тани худ мезанӣ он, ҳуш дор.
З-он ки бехуд фонӣ асту омин аст,
То абад дар оминӣ ӯ сокин аст.

Он чи шабҳои пеш гузашта буд, дар ҳолати бехудӣ ва ҷудо шудан аз худ, дар фаноӣ дар Худованд шудани Боязид рӯй дода буд. Чун ӯ ба ҳоли одии инсонӣ бармегашт, ҳамаи онҳоро фаромӯш мекард ва табъан дар ҳоли фаноӣ, на даъвои худоӣ мекарду на бо Худованд яке мешуд. Худои азза ва ҷалла ҳама ҷо ҳаст. Эй кош маърифати дидори Ӯро дошта бошем.

  • Муназзаҳ – пок.

ДОСТОНИ СЕ МОҲӢ ВА ШИКОРЧИЁН

Мардумон бар се гунаанд: ё оқиланд, ё нимоқил, ё ҷоҳил. Он ки доност, бо равшании дониши худ мебинад ва нимоқил ба ҳидояти оқиле худро пайрави ӯ медонад ва ҷоҳил ҷуз худ касеро намебинаду намешиносад. Оқил ҳамеша пешвою роҳбар аст:

Пайрави нури худ аст он пешрав,
Тобеи хеш аст он бехешрав.

Нимоқил чун ба нодонии худ огаҳ аст, пайваста доноеро пайравӣ мекунад.

Дигаре, ки нимоқил омад ӯ,
Оқилеро дидаи худ донад ӯ.

Аммо нодон ҷуз худ касеро намебинад:

В-он харе, к-аз ақл ҷавсанге надошт,
Худ набудаш ақлу оқилро гузошт.

Дар обгири дур аз ободӣ се моҳӣ зиндагонӣ мекарданд, рӯзгорро ба хушӣ мегузарониданд. Рӯзе шикорчиён аз он ҷо гузаштанд ва назарашон ба моҳиҳо афтод. Тамаъ карданд, ки онҳоро шикор кунанд. Аммо чун афзори моҳигирӣ надоштанд, бозгаштанд, то доме биёваранду моҳиҳоро бигиранд. Моҳиён аз нияти шикорчиён огаҳ шуданд ва донистанд, ки барои шикори онҳо хоҳанд омад. Яке аз моҳиён бисёр донову дурандеш буд. Ҳамин ки аз нияти шикорчиён огоҳ шуд, аз обгир худро ба ҷӯйи об андохту роҳи баҳр пеш гирифт.

Он ки оқил буд, азми роҳ кард,
Азми роҳи мушкили нохоҳ кард.

Дар дил гуфт:
– Агар бо он дутои дигар машварат кунам, маро аз сафари дарё хоҳанд тарсонд.

Машваратро зиндае бояд накӯ,
Ки туро зинда кунад в-он зинда ку?
Эй мусофир! Бо мусофир рой зан,
З-он ки поят ланг дорад рой зан.
Ҳамчунин ҳуббулватан бошад дуруст,
Ту ватан бишнос, эй хоҷа, нахуст.
Гуфт он моҳии зирак: «Раҳ кунам,
Дил зи рою машваратшон барканам».
Нест вақти машварат, ҳин, роҳ кун,
Чун Алӣ ту оҳ андар чоҳ кун.
Маҳрами он оҳ камёб аст бас,
Шабраву пинҳонравӣ кун чун асас.
Сӯйи дарё азм кун з-ин обгир,
Баҳр ҷӯву тарки ин гирдоб гир.
Аз дами ҳуббулватан бигзар, маист,
Ки ватан он сӯст, ҷон ин сӯй нест.
Гар ватан хоҳӣ, гузар он сӯйи шат,
Ин ҳадиси ростро кам хон ғалат.

пешина
аз 176
навбатӣ