Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Он марди фузулу ҳасуду кӯтоҳфикр чун дид Паёмбари акрам (с) ба сухани ӯ гӯш медиҳад, ба таърифи худ афзуду гуфт:
– Ту худат борҳо гуфтаӣ, ки пир бояд раҳбар бошад ва дар миёни ҷамъият пирони кордон зиёданд. Магар на дарахти куҳан бори бештар меоварад? Баргҳои зард нишонаи пухтагӣ ва камол аст. Баргҳои сабз нишонаи норасӣ ва хомӣ аст. Ҳамин тавр, риштаи суханро ба дарозо мекашид, то пургӯйӣ аз ҳад гузашту Паёмбари собиру меҳрубонро ба ҷӯш овард. Ӯ амр кард:
– Хомӯш бош! Ҳоли ту ба касе мемонад, ки пеши биное саргини хушк биёвараду бигӯяд:
– Ин мушк аст!
Май аз оғоз ҳаром набуд, аммо чун нодон мехӯрд, ба ҷойи ин ки донотару афтодатар шавад, саркаштару бадхӯтар мешуд. Бештари мардум нодон ҳастанд. Аз ин рӯ, май ҳаром шуд, ки касе дар фитнаву гуноҳ наяфтад.

На ҳама ҷо бехудӣ шар мекунад,
Беадабро май чунон тар мекунад.
Гар бувад оқил, накӯфар мешавад
В-ар бувад бадхӯй, бадтар мешавад.
Лек ағлаб чун баданду нописанд,
Бар ҳама майро муҳаррам кардаанд.

Паёмбари акрам (с) боз фармуд:
– Эй марди зоҳирбин! Ту ҷавонии ӯро мебинӣ, аммо аз доноию тавонии ӯ бехабарӣ. Ту хаёл мекунӣ, ки ришу мӯйи сафед нишони пухтагиву камол аст, вале намедонӣ, ки шайтон пиртарин мавҷуди дунёст. Агар пирӣ нишони кордонию сафои ботин бошад, чаро ӯ аз ҳама фосидтару фасодкунандатар аст ва намунаи бадиву бадкорӣ ба шумор меравад. Устоди ҳама бадону палидони ҷаҳон аст.

Гуфт Пайғамбар, ки эй зоҳирнигар,
Ту мабин ӯро ҷавону беҳунар.
Эй басо риши сиёҳу марди пир,
Эй басо риши сапеду дил чу қир.
Ақли ӯро озмудам борҳо,
Кард пирӣ он ҷавон дар корҳо.
Пир пири ақл бошад, эй писар!

Ман агар гуфтаам пиру раҳбар бошад, барои ин аст, ки нодонон тақлидкунандаву аз паси аломату нишону зоҳир ҳастанд:

Баҳри ӯ гуфтем, ки тадбирро,
Чунки хоҳӣ кард, бигзин пирро.
Он ки ӯ аз пардаи тақлид ҷаст,
Ӯ ба нури Ҳақ бибинад, он чи ҳаст.
Нури покаш бе далелу бе баён
Пӯст бишкофад, дарояд дар миён.
Пеши зоҳирбин чи қалбу чи сара,
Ӯ чӣ донад чист андар қавсара?
Эй басо зарри сияҳ карда ба дуд,
То раҳад аз дасти ҳар дузде ҳасуд.
Эй басо мисси зарандуда ба зар,
То фурӯшад он ба ақли мухтасар.
Мо ки ботинбини ҷумла кишварем,
Дил бибинему ба зоҳир нангарем.

пешина
аз 176
навбатӣ