Зеҳн
Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Мунтахаби достонҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ дар бозгӯйи насрии пажӯҳишгари эронӣ Аҳмад Нафисӣ бо байтҳои асл. Интихоб, тадвин, тавзеҳ ва пешгуфтори Қиёмиддин Сатторӣ. Душанбе: Маориф, 2015.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 176 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳин, биё, ин сӯ, ба овозам шитоб,
Олам аз барф аст, рӯй аз ман матоб!
Ҳоли ӯ з-он рӯз шуд хубу бидид,
Он аҷоибро, ки аввал мешунид.

Аз он рӯз Шайх Абулҳасан соҳибкаромот шуд ва ба сафи волотарин орифони ҷаҳон даромад.

ДОСТОНИ ПАЁМБАР ВА МАРДИ ФУЗУЛ

Ҳазрати Муҳаммад (с) лашкареро ба ҷанг мефиристод ва ҷавонеро аз қабилаи Ҳузайл сардору фармондеҳи он лашкар кард.

Асли лашкар бегумон сарвар бувад,
Қавми бесарвар тани бесар бувад.
Ин ҳама, ки мурдаву пажмурдаӣ,
З-он бувад, ки тарки сарвар кардаӣ.
Аз касал в-аз бухл в-аз мову манӣ
Мекашӣ сар, хешро сар меканӣ.

Фармондеҳӣ муҳимтарин ҷойгоҳу мартаба дар ҳар артиш аст. Лашкаре, ки фармондеҳ надорад, роҳ ба ҷое надорад. Касе ҳам, ки дар зиндагӣ ба шоистае сар насупурдааст, гумроҳу саргардон мешавад.
Чаҳорпое борашро дар биёбон ба замин андохту сар ба кӯҳ ниҳод. Соҳибаш дунболи ӯ медавид ва мегуфт:
– Эй нодон, ин биёбон пур аз гург аст. Аз ман дур шавӣ, туъмаи онон хоҳӣ шуд. Агар бори маро мебарӣ, дар иваз ҷони туро аз балои гург нигоҳ медорам.

Ҳамчу устуре, ки бигрезад зи бор,
Ӯ сари худ гирад андар кӯҳсор.
Соҳибаш дар пай давон, к-эй хирасар,
Ҳар тараф гургест андар қасди хар.
Гар зи чашмам ин замон ғоиб шавӣ,
Пешат ояд ҳар тараф гурги қавӣ,
Устухонатро бихояд чун шакар,
Ки набинӣ зиндагониро дигар.
Он магир, охир бимонӣ аз алаф,
Оташ аз беҳезумӣ гардад талаф.
Ҳин, бимагрез аз тасарруф карданам
В-аз гароний бор, ки ҷонат манам.
Ту сутурӣ ҳам, ки нафсат ғолиб аст,
Ҳукм ғолибро бувад, эй худпараст!

Одаме, ки нафсаш бар ақлаш ғалаба дорад, бе раҳбарии ақлу оқил оқибат ба хайр нахоҳад расид.
Чун ҳазрати Муҳаммад (с) ҷавонеро ба фармондеҳӣ гумошт, аз миёни гурӯҳ фузуле баланд шуда гуфт:
– Эй Паёмбари Худо, чӣ гуна ҷавони нопухтаро бар пирони корозмуда амир мекунӣ?

Ё Расулуллаҳ! Ҷавон гар шерзод,
Ғайри марди пир сарлашкар мабод.
Ҳам ту гуфтастиву гуфтӣ ту гуво
Пир бояд, пир бояд пешво.
Ё Расулуллаҳ! Дар ин лашкар нигар,
Ҳаст чандин пиру аз вай пештар.
З-ин дарахт он барги зардашро мабин,
Себҳои пухтаи ӯро бичин.
Баргҳои зарди ӯ худ кай тиҳист?
Ин нишони пухтагиву комилист.
Барги зарди ришу он мӯйи сапед
Баҳри ақли пухта меорад навид.
Баргҳои наврасидай сабзфом,
Шуд нишони он ки он мева-ст хом.

пешина
аз 176
навбатӣ