Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

АдабиётШеърҒазал
Аз аввал хондан

Ки ҳой-ҳӯйи ту дар ҷавви ломакон бошад.

Дарахту барг барояд зи хоку ин гӯяд,
Ки, хоҷа, ҳар чӣ бикорӣ, туро ҳамон рӯяд.
Туро агар нафасе монд, ҷуз ки ишқ макор,
Ки чист ҳиммати мардум? Ҳар он чи меҷӯяд.
Бишӯ ду даст зи хешу биё, ба хон бинишин,
Ки об баҳри вай омад, ки дасту рӯ шӯяд.
Зиҳӣ салим, ки маъшуқи ӯ ба хонаи ӯст,
Ба сӯи хона наёяд, газоф мепӯяд.
Ба сӯи Марям ояд давона гар, Исост,
В-агар хар аст, биҳил, то гимези хар бӯяд.
Касе, ки ҳамраҳи соқист, чун бувад ҳушёр?
Чаро набошад ламтур, чаро наяфзуяд?
Касе, ки кони асал шуд, туруш чаро бошад?
Касе, ки мурда надорад, бигӯ, чаро мӯяд?
Туро бигӯям пинҳон, ки гул чаро хандад,
Ки гулрухеш ба каф гираду бианбӯяд.
Бигӯ ғазал, ки ба сад қарн халқ ин хонанд,
Насиҷро, ки Худо ёфт, он нафарсуяд.

Ба ёракони сафо ҷуз майи сафо мадиҳед,
Чу медиҳед, бад-эшон ҷудо-ҷудо мадиҳед.
Дар ин чунин қадаҳ омехтан ҳаром бувад,
Ба ошиқони Худо ҷуз майи Худо мадиҳед.
Бараҳнагони раҳ, аз офтоб ҷома кунед,
Бараҳнагони раҳи ишқро қабо мадиҳед.
Ба бӯи васл агар ошиқе қарор гирифт,
Баҳонаро напазирам, баҳонаҳо мадиҳед.
Шароб ҳозиру маъшуқ масту ман ошиқ,
Маро қарор набошад, ба бӯ маро мадиҳед.
Шароб оташу мо зодаем аз оташ,
Агар ҳариф шиносед, ҷуз ба мо мадиҳед.
Чу тоҷи мафхари Табрез Шамсидин омад,
Лиқои ҳар ду ҷаҳон ҷуз бад-он лиқо мадиҳед.

Касе, ки ошиқи он равнақи чаман бошад,
Аҷаб мадор, ки дар бедилӣ чу ман бошад.
Ҳадиси сабр магӯед, сабрро раҳ нест
Дар он диле, ки бад-он ёр мумтаҳан бошад.
Чу ишқ силсилаи хешро биҷунбонад,
Ҷунуни ақл Фалотуну Булҳасан бошад.
Ба ҷони ишқ, ки ҷоне зи ишқ ҷон набарад,
В-агар дарунаи сад бурҷу сад бадан бошад.
Агар чу шер шавӣ, ишқ шергири қавист,
В-агарчи пил шавӣ, ишқ каркадан бошад.
В-агар ба қаъри чаҳе дарравӣ барои гурез,
Чу далв гардан аз ӯ бастаи расан бошад.
В-агар чу мӯй шавӣ, мӯй мешикофад ишқ,
В-агар кабоб шавӣ, ишқ бобзан бошад.
Амони олами ишқ асту маъдалат ҳам аз ӯст,
В-агарчи роҳзани ақли марду зан бошад.
Хамӯш кун, ки суханро ватан Димишқи дил аст,
Магӯ ғариб варо, к-аш чунин ватан бошад.

пешина
аз 71