Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Пӯст бидаррад зи завқ, ишқ чу пайдо шавад,
Лек куҷо завқи он, к-ӯ кунадат нопадид.
Фақр бибурда сабақ, рафта табақ бар табақ,
Боз кунад қуфлро фақри мубораккалид.
Киштаи шаҳват палид, киштаи ақл аст пок,
Фақр зада хаймае з-он суи поку палид.
Ҷумла дили ошиқон ҳалқа зада гирди фақр,
Фақр чу шайхушшуюх, ҷумлаи дилҳо мурид.
Чунки ба Табрез чашм Шамси Ҳақамро бидид,
Гуфт Ҳақаш: Пур шудӣ? Гуфт ки: Ҳал ман мазид?
Зи сар бигирам айше, чу по ба ганҷ фурӯ шуд,
Зи рӯи пушту паноҳе, ки пуштҳо ҳама рӯ шуд.
Дигар нашинам ҳаргиз барои дил, ки барояд,
Куҷо барояд он дил, ки кӯйи ишқ фурӯ шуд.
Муваккилони чу оташ зи ишқ сӯи ман оянд,
Ба сӯи ишқ гурезам, ки ҷумла фитна аз ӯ шуд.
Ки дар сарам зи шаробаш на чашм монд, на хобаш,
Ба дасти соқии нобаш магар сарам чу каду шуд.
Ба хони ишқ нишастам, чашидам аз намаки ӯ,
Чу луқма кардам худро, маро чу ишқ гулӯ шуд.
Сабӯ ба даст давидам ба ҷӯйбори маъонӣ,
Ки об гашт сабӯям, чу оби ҷон ба сабӯ шуд.
Намози шом бирафтам ба сӯи турфаи румӣ,
Чу дид бар дари хешам зи бом зуд фурӯ шуд.
Сар аз дарича бурун кард чу шуълаҳои мунаввар,
Ки бому хонаву банда ба ҷумлагӣ ҳама ӯ шуд.
Ниҳем даст даҳон-бар, ки нозук аст маъонӣ,
Зи Шамси мафхари Табрез сӯхт ҷону ҳамӯ шуд.
Бар остонаи асрор осмон нарасад,
Ба боми фақру яқин ҳеҷ нардбон нарасад.
Гумони ориф дар маърифат чу сайр кунад,
Ҳазор ахтару маҳ андар он гумон нарасад.
Касе, ки ҷуғдсифат шуд дар ин ҷаҳони хароб,
Зи булбулон бибуриду ба гулситон нарасад.
Ҳар он диле, ки ба як донги ҷав ҷав аст зи ҳирс,
Бидон, ки баста шавад ҷони ӯ, ба кон нарасад.
Алаф мадеҳ ҳиси худро дар ин макон зи бутон,
Ки ҳис чу гашт маконӣ, ба ломакон нарасад.
Ки оҳуи мутааннис бимонд аз ёрон,
Ба лолазору ба маръои арғавон нарасад.
Ба сӯи Акка равӣ, то ба Макка пайвандӣ,
Бирав, муҳол маҷӯ, к-ат ҳамин ҳамон нарасад.
Пиёзу сир ба бинӣ барию мебӯӣ,
Аз он пиёз дами нофи оҳувон нарасад.
Хамӯш, агар сари ганҷинаи замир астат,
Ки дар замири ҳудо дил расад, забон нарасад.
Ба рӯзи марг чу тобути ман равон бошад,
Гумон мабар, ки маро дарди ин ҷаҳон бошад.
Барои ман магирию магӯ: Дареғ-дареғ,
Ба доми дев дарафтӣ, дареғ он бошад.
Ҷанозаам чу бибинӣ, магӯ: Фироқ-фироқ,
Маро висолу мулоқот он замон бошад.
Маро ба гӯр супорӣ, магӯ: Видоъ-видоъ,
Ки гӯр пардаи ҷамъияти ҷинон бошад.
Фурӯ шудан чу бидидӣ, баромадан бинигар,
Ғуруби шамсу қамарро чаро зиён бошад?
Туро ғуруб намояд, вале шуруқ бувад,
Лаҳад чу ҳабс намояд, халоси ҷон бошад.
Кадом дона фурӯ рафт дар замин, ки наруст?
Чаро ба донаи инсонат ин гумон бошад?
Кадом далв фурӯ рафту пур бурун н-омад,
Зи чоҳ Юсуфи ҷонро чаро фиғон бошад?
Даҳон чу бастӣ аз ин сӯй, он тараф бигшо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор