Зеҳн
Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа

ҒазалАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Гули садбарг дид он рӯйи хубаш
Ба булбул гуфт гул: Гулзор ин аст.
Чу хубон сояҳои тайри ғайбанд,
Ба сӯйи ғайб о, тайёр ин аст.
Мукаррар бингар он сӯ, чашм мемол,
Ки ҷонро мадраса-в такрор ин аст.
Чу лаб бикшод, ҷонҳо ҷумла гуфтанд:
Шифои ҷони ҳар бемор ин аст.
Чу як соғар зи дасти ишқ хӯрданд,
Яқиншон шуд, ки худ хаммор ин аст.
Гарав кардӣ ба май дастору ҷубба,
Сазои ҷуббаву дастор ин аст.
Хабар омад, ки Юсуф шуд ба бозор,
Ҳало, ку Юсуф, ар бозор ин аст?
Фусуне хонду пинҳон кард худро,
Камина лаъби он таррор ин аст.
Зи мулку моли олам чора дорам,
Маро дину дилу ночор ин аст.
Миён гар пеши ғайри ишқ бандам,
Масеҳӣ бошаму зуннор ин аст.
Ба гирди ҳавз гаштам, дарфитодам,
Ҷазои ончунон кирдор ин аст.
Дило, чун дарфитодӣ дар чунин ҳавз,
Туро ғусли қиёматвор ин аст.
Рухи шаҳ ҷустайӣ, шаҳмот ин аст,
Чу дуздӣ кардӣ, ай дил, дор ин аст.
Машин бо худ, нишин бо ҳар кӣ хоҳӣ,
Зи нафси худ бибур, ағёр ин аст.
Хамуш кун, хоҷа, лоғи пор кам гӯ,
Дилам пора-сту лоғи пор ин аст.
Хамуш бошу дар ин ҳайрат фурӯ рав,
Биҳил асрорро, к-асрор ин аст.

Зи ҳамроҳон ҷудойӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшнойӣ маслиҳат нест.

Чу мулку подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадойӣ маслиҳат нест.
Шуморо бо шумо мехонад он ёр,
Шуморо ин шумойӣ маслиҳат нест.
Чу хони осмон омад ба дунё,
Аз ин пас бенавойӣ маслиҳат нест.
Дар ин матбах, ки қурбон аст ҷонҳо
Чу дунон нонрабойӣ маслиҳат нест.
Бигӯ он ҳирсу ози роҳзанро,
Ки макру баднамойӣ маслиҳат нест.
Чу по дорӣ, бирав, дасте биҷунбон,
Туро бедаступойӣ маслиҳат нест.
Чу пойи ту намонад, пар диҳандат
Ки бе пар дар ҳавойӣ, маслиҳат нест.
Чу пар ёбӣ, ба сӯйи доми Ҳақ пар,
Ки аз домаш раҳойӣ маслиҳат нест.
Ҳумои Қоф қурбӣ, ай бародар,
Ҳуморо ҷуз ҳумойӣ маслиҳат нест.
Ҷаҳон ҷӯйу сафо баҳру ту моҳӣ,
Дар ин ҷӯ ошинойӣ маслиҳат нест.
Хамуш бошу фанои баҳри Ҳақ шав,
Ба ҳанбозӣ худойӣ маслиҳат нест.

Ба ҷони ту, ки савганди азим аст,
Ки ҷонам бе ту дар банди азим аст.
Агарчи Хизр сероби ҳаёт аст,
Ба лаълат орзуманди азим аст.
Суханҳо дорам аз ту бо ту бисёр,
Вале хомушиям банди азим аст.
Ҳар он, к-аз бими ту хомӯш бошад,
Агарчи хар, хирадманди азим аст,
Ҳар он кас, к-ӯ ҳунарро тарк гӯяд
Зи баҳри ту, ҳунарманди азим аст.
Фикандам хешро чун соя пешат,
Фикандан пешат афканди азим аст.

пешина
аз 71
навбатӣ