Мунтахаби ғазалиёт

Мунтахаби ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо муқаддимае дар бораи зиндагӣ ва осори шоир. Таҳияи Асрори Раҳмонфар ва Мубашшир Акбарзод.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 71 саҳифа
Бар он ёр бихандед, ки ӯ ноз намояд,
Бар он ёр бигирйед, ки аз ёр буридаст.
Ҳама шаҳр бишӯред, чу овоза дарафтод,
Ки девона дигар бор зи занҷир раҳидаст.
Чӣ рӯз асту чӣ рӯз аст чунин рӯзи қиёмат
Магар номаи аъмол зи офоқ паридаст?
Бикӯбед дуҳулҳову дигар ҳеч макӯбед,
Чӣ ҷойи дилу ақл аст, ки ҷон низ рамидаст.
Бибастӣ чашм, яъне вақти хоб аст,
На хоб аст он, ҳарифонро ҷавоб аст.
Ту медонӣ, ки мо чандон напойем,
Валекин чашми мастатро шитоб аст.
Ҷафо мекун, ҷафоят ҷумла лутф аст,
Хато мекун, хатои ту савоб аст.
Ту чашми оташин дар хоб мекун,
Ки моро чашму дил боре кабоб аст.
Басе сарҳо рабуда чашми соқӣ
Ба шамшере, ки он як қатра об аст.
Яке гӯяд, ки ин аз ишқи соқист,
Яке гӯяд, ки ин феъли шароб аст.
Майу соқӣ чӣ бошад, нест ҷуз Ҳақ,
Худо донад, ки ин ишқ аз чӣ боб аст.
Дигар бор ин дилам оташ гирифтаст,
Раҳо кун, то бигирад, х(в)аш гирифтаст.
Бисӯзон дил дар ин барқу мазан дам,
Ки ақлам абри савдоваш гирифтаст.
Дигар бор ин дилам хобе бидидаст,
Ки хуни дил ҳама мафраш гирифтаст.
Чу сояй гул фано гардам, азеро
Ҷаҳон хуршеди лашкаркаш гирифтаст.
Дилам ҳар шаб ба дуздию хиёнат
Зи лаъли ёри султонваш гирифтаст.
Куҷо пинҳон шавад дуздии дузде,
Ки моли хасм зери каш гирифтаст?
Басе ҷон, ки ҳамепаррад зи қолаб
Вале пояш ҳарифи каш гирифтаст.
Зи завқи захми тираш ин дили ман
Ба дандон гӯшаи таркаш гирифтаст.
Биё, к-имрӯз моро рӯзи ид аст,
Аз ин пас айшу ишрат бар мазид аст.
Бизан дасте, бигӯ, к-имрӯз шодист,
Ки рӯзи хуш ҳам аз аввал падид аст,
Чу ёри мо дар ин олам кӣ бошад?
Чунин иде ба сад даврон кӣ дидаст?
Замину осмонҳо пуршакар шуд,
Ба ҳар сӯйе шакарҳо бардамидаст.
Расид он бонги мавҷи гавҳарафшон
Ҷаҳон пурмавҷу дарё нопадид аст.
Муҳаммад боз аз миъроҷ омад,
Зи чорум чарх Исӣ даррасидаст.
Ҳар он нақде, к-аз ин ҷо нест, қалб аст,
Майе, к-аз ҷоми ҷон набвад, палид аст.
Зиҳӣ маҷлис, ки соқӣ бахт бошад,
Ҳарифонаш Ҷунайду Боязид аст.
Хуморе доштам ман дар иродат
Надонистам, ки ҳақ моро мурид аст.
Кунун ман хуфтаму поҳо кашидам,
Чу донистам, ки бахтам май кашидаст.
Маро чун то қиёмат ёр ин аст,
Харобу маст бошам, кор ин аст.
Зи кору касб мондам, касбам ин аст,
Рухо, зар зан, туро динор ин аст.
На ақле монду не тамйизу не дил,
Чӣ чора, феъли он дилдор ин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор